Қариб як ҳафта аст, ки дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 39 то 44 дараҷа гарм аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ ин гуна ҳарорат то 10 июл давом мекунад. Бар асосии огоҳии ин ниҳод дар минтақаҳои водибуда ҳарорати ҳаво то 39+44 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 гарм хоҳад шуд. Дар ин давра бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон аз эҳтимол дур нест.
Ба андешаи Ҷамила Байдуллоева – сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ ҳарчанд ҳарорати ҳаво имсол нисбат ба солҳои қаблӣ гармтар омад, аммо то кунун ягон рақами рекордиро бақайд нагирифтаанд. Танҳо ба фарқ аз солҳои қаблӣ тобистони имсол барвақт меҳмони Тоҷикистон шуд.
“Имсол тобистон барвақттар гармии худро оғоз кард ва якбора гармшавии ҳаво дар ибтидои моҳи июн ҳодисаи ғайримуқаррарӣ мебошад. Зеро давоми 10-15 соли охир гармии ҳаво дар нимаи дуюми моҳи июн ба қайд гирифта мешуд. Ин, албатта барои моҳи июн як рекорд аст”-, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гармшавии ҳарорати ҳаво асосан тобистон ҳангоми кам шудани боришот ба назар мерасад. Ҳарорати то 40 дараҷа гармӣ дар аксар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, қисмати ҷанубии вилояти Хатлон як рақами ғайримуқаррарӣ ба ҳисоб намеравад, вале ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева шумораи рӯзҳои гарм дар мамлакат нисбат ба солаҳои қаблӣ бештар шудааст. Барои мисол, агар дар солҳои 60-ум дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон дар даҳ сол то 40-60 рӯзеро бо ҳарорати беш аз 40 дараҷа ба қайд мегирифтанд, дар як соли 2019 қариб 90 рӯзро қайд кардаанд.
Коршиносони ҷаҳон бар он назаранд, ки дар панҷ соли оянда гармии ҳаво рекорди нав мегузорад. Кумитаи обуҳавосанҷии Англия иттилоъ дода буд, ки ҳарорати иқлими ҷаҳон солҳои 2020 – 2024 назар ба солҳои 1850 -1900 тақрибан ба 1,5° C боло хоҳад рафт. То охири аср бошад, ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр то 4 – 5 дараҷа гармтар мешавад. Ин ба обшавии минбаъдаи пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби баҳр, хушксолӣ ва мавҷҳои гармӣ оварда мерасонад. Барои мисол, аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд. Бар асоси гузориши ВВС коршиносони Созмони милал иттилоъ додаанд, ки танҳо ним дараҷа боло рафтани ҳарорати курраи Замин барои миллиардҳо нафар як фоҷеа аст. Дар он гуфта мешавад, ки танҳо дар соли 2019 300 ҳазор нафар аз шиддати гармӣ ҷони худро аз даст додаанду дар сурати идома ёфтани ин тамоюл дар оянда 200 ҳазор нафар ҳамасола аз гармо осеб хоҳанд дид.
Оморҳо нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво дар Тоҷикистон низ эҳсос мешавад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, январи соли 2020 дар таърихи Тоҷикистон аз ҳама моҳи гармтарини зимистонӣ буд. Солҳои 2010 – 2019 даҳсолаи гармтарин ва 2015 – 2019 панҷсолаи гармтарин арзёбӣ мешаванд. Таъсири гармии ҳаворо ба инобат гирифта Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар дар сомонаи худ чанд тавсияеро пешниҳод намудааст. Дар ин тавсиянома гуфта мешавад, ки аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯем ва ҳамеша дар соя бошем. Аз рӯйи имкон дар айёми гармӣ аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча баромадан лозим нест. Ҷамшед Камолов намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин бора гуфт, ки дар ин гуна ҳаво бештар об нӯшиду мева истеъмол намуд ва аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб худдорӣ бояд кард. Агар майлӣ оббозӣ бошад, пас аз соати 10-и рӯз то 15-и бегоҳ оббозӣ кардан лозим нест.
Ҳарорати дохили хонаро муътадил нигоҳ доштан яке аз омилҳои эмин мондан аз таъсири гармӣ аст, аммо дар ин шабу рӯз, ки коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, вирусшинос Ораш Алоӣ истифодаи ҳавосалқинкунакҳо ё кондитсионерро тавсия намедиҳад.
Сабабу далелҳои ин суҳбатро дар подкасти мо гуш кунед: