Ораш Алоӣ: Коронавирус дар Тоҷикистон бо нишонаҳои нав зуҳур кардааст

21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии коронавирус эълон кард, ки дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Як рӯз баъд аз он Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки давоми ду рӯз 32 ҳолати гирифторшавӣ ошкор гардид.

Дар изҳороти Ситоди ҷумҳуриявӣ омадааст, ки омили асосии  ба чунин ҳолат расидан ин бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо мебошад.

Дар Тоҷикистон аввалин маротиба 30 апрели соли 2020 расман коронавирус ба қайд гирифта шуд ва ба ишораи Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус то имрӯз 13 340 нафар гирифтор шудаанд. Дар ин миён, аз 11 январ то 20 июни соли ҷорӣ коронавирус дар Тоҷикистон “танаффус” эълон кард ва аксар маҳдудиятҳо бардошта шуда буданд. Акнун, ки сирояти Covid-19 дубора ба миён омад, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафнро Ситод аз шаҳрвандон талаб дорад.

Коронавирус ва нишонаҳои нави он

Вирусшинос Ораш Алоӣ дар барномаи “Аз табори Хуршед”-и Радиои Тоҷикистон қайд намуд, ки барои ҷомеаи ҷаҳони коронавирус то ҷойе ошост, чун аз соли гузашта таҷрибаҳои бузургеро соҳиб шуд, аммо бар гузориши озмоишгоҳҳои ҷаҳонӣ ин “душмани инсонҳо” инак шакли худро иваз кардааст. Нишонаҳои иловагии ин вируси нав обравии бинӣ, дарди сару гулӯ ва гоҳе дарунравӣ дар беморон мебошад. Ҳамчунин, мушкили дигар ноаён будани ин вирус асту ҳеҷ кишваре гуфта наметавонад, ки дар ҳавои он вирус нест. Аз ин рӯ, “сарҳади мо даҳону бинии мо мебошад, пас аввалин туфанги мо барои мубориза бо ин вирус ниқоб аст, зеро илм онро исбот кардааст”.

Дар идомаи суҳбат ҷаноби Алоӣ огоҳ кард, ки дар ин гармиҳои тобистон ҳам набояд дару тирезаҳои хонаву коргоҳҳои худро пушида, аз кондитсионерҳо истифода кард, зеро ин дастггоҳ ҳаворо тоза накарда, онро танҳо мечархонад ва ин боиси паҳншавии вирус дар ҳамон муҳит мегардад.

Дудилагӣ дар гирифтани ваксинаҳо

Масъалаи дигаре, ки мардумро дудила кардааст, гирифтани вояи ваксина зидди коронавирус мебошад. Дар ин хусус, вирусшинос Ораш Алоӣ муътақид аст, ки вояҳои ваксинаҳое, ки имрӯз Тоҷикистон аз онҳо истифода мекунад, аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ ташхис ва тасдиқ шудаанду аз фавт ва шиддати беморӣ пешгирӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати барнома тасдиқ мекунад, ки дар аввал,  ба гузориши Иттиҳодияи Аврупо, аз 39 миллион нафаре, ки вояи ваксина гирифтанд, танҳо дар як нафарашон лахташавии хун ошкор гардид. Имрӯз бошад, зидди ин лахташавӣ низ дору сохта шудаасту дигар ҷойи нигаронӣ нест.

“Бояд гуфт, ки дар дунё ваксинаҳо кам ҳастанд ва бояд 85% аҳолии ҷаҳон ба ваксина фаро гирифта шаванд, ки ин муҳлати зиёдро талаб мекунад. Ба ин хотир, аз шахсоне, ки синнашон аз 60-сола боло ҳаст, хоҳиш мекунем, то дар сурати дастрасӣ ба вояи ваксина аз он истифода кунанд ва дигар афрод дар сурати дастнорас буданашон ба ваксина, беҳтар аст аз ниқобҳо истифода бубаранд”,- мегӯяд вирусшинос Ораш Алоӣ.

Суҳбати пурраи вирусшинос Ораш Алоиро 24 июн соати 12:15 аз мавҷи 104,7 fm бишнавед.

НАВОРРО ИНҶО БУБИНЕД: