Баргузории Форуми 2- юми байналмиллалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ — сармоягузорӣ ба насли миллати солим»

Имрӯз дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 2- юми байналмиллалии кишварҳои ИДМ оид ба ғизои мактабӣ — сармоягузорӣ ба насли миллати солим» баргузор гардид.

Дар кори Форум намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату сохторҳои марбута, коршиносони ватанию хориҷӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Зулфия Абдусамадзода роҳандозии ин чорабиниро қадами навбатӣ дар рушди ғизои мактабӣ арзёбӣ намуда, амалӣ намудани онро барои баҳодии умуми шароит ва тайёр кардани қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо ғизои солим, инкишофи нерӯи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум, инчунин таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муҳим ва саривақтӣ хонд.

Дар рафти Форум гуфта шуд, ки Ҳукумати ҶТ барои таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ғизои солим пайваста тадбирҷӯи намуда, дар ин самт корҳои назаррасеро анҷом добааст.

Дар интиҳои кори Форуми мазкур изҳори итминон карда шуд, ки Форуми 2- юми байналмиллалии кишварҳои ИДМ ба масъалаҳои бартарафсозии норасоии ғизо ва беҳтаргардонии ғизои мактабӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»