Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ Ашита Миттал бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мулоқот намуд.
Тавре ВКХ хабар медиҳад, ин дидор дар Тошканд сурат гирифта, ҷонибҳо аз раванди рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба вазъи кунунии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон изҳори назар намуданд.
Намояндаи UNODC аз вазъияти баамаломада дар сарҳади Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро барои расонидани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баён кард.