Агентии обуҳавошиносӣ хабар додааст, ки то рӯзҳои 7 июн бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои гарму хушк аз самти минтақаҳои ғарб дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои водибуда ҳарорати ҳаво то 420 ва дар дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 460 гарм шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кишвар шамол бо шиддат мевазад ва ба амал омадани тӯфони чангу ғубор пешгӯӣ мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд қоида ва тавсияро ба сокинони кишвар ҳангоми сар задани чангу ғубор пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, мегӯяд, ки ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои дом анфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст. Аҳолӣ бошад, дар ин гуна рӯзҳои гарм ва пурчанг бештари оби тоза нӯшанд, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар. Ҳамчунин:
– То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
– Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
– Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад, ки дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед ва ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед. Инчунин, агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.