Мулоқоти С. Муҳриддин бо Котиби давлатии ИМА

Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Вашингтон  мулоқот намуда, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои сомонаи ВКХ дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА, иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ аз бемории ҳамагири Ковид-19 ва ғайраро баррасӣ карда, перомуни  масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо зимни баррасии вазъият дар минтақа зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид карданд.