Нархи истироҳати кӯдакон дар тобистон барои волидон гарон аст. (шарҳи матбуот)

Натиҷаҳои сафари расмии президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, оғози ваксинзанӣ зидди коронавирус дар Тоҷикистон, паёмадҳои тасарруфи Шерхон Бандари Афғонистон аз сӯи Толибон барои иқтисоди Тоҷикистон ва шароити истироҳати тобистонаи кӯдакон  дар кишвар   аз мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи  нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

“Ҷумҳурият”

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 июл хабари муфассал аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 30 июн таҳти раёсати президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, нашр кардааст. Дар ин иттилоия зикр мешавад, ки дар баробари дигар масъалаҳо дар ин ҷаласаи Ҳукумати кишвар  ба масъалаи муқобила бо паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19” низ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии “Ковид-19”, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин беморӣ барои эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон дастуру супоришҳо дод.

Бори дигар таъкид шуд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ назорат намоянд.

 “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре менависад, ки ахиран дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тайи ҷаласае натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф менависад дар ин машварати назди раиси вилоят зикр шуд, ки бо вуҷуди пешрафтҳо то ҳол мушкилоти ҳалношуда дар ВМКБ вуҷуд дорад. Аз ҷумла бо вуҷуди корҳои анҷомёфта, ҳанӯз ҳам дар ВМКБ 61 деҳа ба пуррагӣ бо барқ таъмин набуда, то ҳол 14 деҳа роҳҳои мошингузар надорад.  Инчунин сарфи назар аз корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ ва пешгирии хавфи офатҳои табиат, дар деҳоти вилоят 14 минтақаи хавфнок вуҷуд дорад. 

“Садои мардум”

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 июл гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъвати шашумро нашр кардааст.

Тибқи ин гузориш Маҷлиси намояндагон дар ин давра 131  қонун, аз ҷумла 22 қонуни мукаммал, 1 кодекс,  11 қонуни оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 69  қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 11 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 54 созишномаву дигар санадҳои меъёриро баррасӣ кардааст.  Дар маҷмӯъ, беш аз 91 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул карда шуда, 28 лоиҳаи дигар дар баррасӣ қарор дорад. Раиси Маҷлиси намояндагон дар идома таъкид кардааст: “…..агар мардум дар бораи қонун ҳарф зананд, манзурашон, пеш аз ҳама, адолат аст. Бинобар ин, қонунҳое, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул карда мешаванд, бояд аз рӯи адолат бошанд…..”

Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар  шумораи мазкур хабар додааст, ки дар ҷаласаи рӯзи 30 июн вакилони  Маҷлиси Намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.

“Мақсад аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини  шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад”, – таъкид мешавад дар ин хабар.

Гуфта мешавад, дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ дар Тоҷикистон ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад. Дар қонуни мазкур бори нахуст дар як вақт қонунӣ гардонидани ҳам амволу ҳам маблағҳои пулӣ  пешбинӣ карда шудааст.

“Тоҷикистон”

Ҳафтаномаи Тоҷикистон дар шумораи рӯзи 30 июн дар мақолае бо номи “Сенарияи қирғизӣ” навишт, ки дар пасманзари сафари президенти Қирғизистон ба Душанбе, дар кишвари ҳамсоя ҳаводисе рух дод, ки интизориҳоро аз ҳал шудани қазияи марз зери шубҳа гузошт.

Муаллиф таъкид мекунад, дар рӯзе ки Содир Ҷабборов дар Душанбе буд, вазири дифои Туркия бо сафари корӣ ба Қирғизистон сафар кард. Дар баробари ин дар ҳамин рӯзҳо гурӯҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи қирғиз бори дигар ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ аллайҳи Тоҷикистон шикоят бурданд.

Муаллиф меафзояд, гузашта аз ин дар моҳи март баъди сафари Ҷабборов ба Тошканд, Қирғизистон эълом крад, ки мушкилоти марзӣ бо Ӯзбекистон 100 фоиз ҳал шудааст. Аммо баъдан Қамчибек Ташиев раиси КДАМ – и Қирғизистон гуфт, ки баҳс бо Ӯзбекистон то охир ҳал нашудааст. Ба хулосаи муаллиф ҳамаи ин ҳаводис баёнгари он аст, ки мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба зудӣ ҳал нахоҳад шуд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре савол гузоштааст, ки кӯдакон дар таътили тобистона ба куҷо раванд? Муаллиф менависад, ки айни замон дар кишвар 3 ҳазор истироҳатгоҳи мавсимӣ барои кӯдакон фаъолият мекунанд. Аммо волидон дар ин замина аз он шикоят кардаанд, ки имконияти молии пардохти истироҳати кӯдаконро дар урдугоҳҳо надоранд. Муаллиф таъкид мекунад,  истироҳатгоҳҳое, ки шароити нисбатан хуб доранд, барои 10-12 рӯзи истроҳат аз 1000 то 1500 сомонӣ маблағ аз ҳар кӯдак талаб мекунанд, ки барои аксари волидон нархи дандоншикан аст.

“Asia-Plus”

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 1 июл дар матлаби таҳлилие ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон бо тасарруфи шимоли Афғонистон аз сӯи Толибон чӣ зарар мебинад? 

Нашрия менависад, ки гардиши савдои Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2020 70,7 миллион долларро ташкил дод, ки 1,5% ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии соли гузаштаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.  Дар муомилоти ду кишвар дар соли 2020 беш аз 69,8 миллион доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон рост меояд ва воридоти молҳои Афғонистон ҳамагӣ 885 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон нерӯи барқ ​​буд, ки соли гузашта тақрибан 65 фоизи содиротро ба ин кишвар ташкил дод. Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба Афғонистон  тақрибан 45 миллион доллар ба даст овардааст. Дар баробари ин ширкатҳои барқии ду кишвар барои интиқоли 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2021 бо нархи аз 3 то 4.5 сент  қарордод имзо карданд. Ҳамунин ба гуфтаи муаллиф тавассути гузаргоҳи Шерхон-Бандари Афғонистон гардиши савдои транзитии Тоҷикистон бо Покистон ва Эрон низ қисман анҷом дода мешавад.

Зиёратшои Аҳмадшоҳ,

радиои Тоҷикистон