Ба пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» ҷубронпулӣ пардохт мешавад

2 июли соли 2021 пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ташкилоти қарзии барҳамдодашудаи ҶСК «Агроинвестбонк» оғоз мегардад.

Пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони ҶСК «Агроинвестбонк» тавассути бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» амалӣ карда мешавад. Пасандоздорон ё намояндагони қонунии онҳо барои гирифтани ҷубронпулӣ метавонанд ба филиалҳои бонк-агент Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», вобаста аз минтақаи ҷойгиршавии пасандоздорон муроҷиат намоянд.

Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, пасандоздорон ҳуқуқ доранд дар давоми то як сол барои гирифтани ҷубронпулии суғурта ба бонк-агент муроҷиат намоянд.

“Руйхати филиалҳои бонк-агент ва суроғаи онҳо дар сомонаи Хазина www.idif.tj оварда шудааст. Маълумоти иловагӣ оид ба пардохти ҷубронпулии суғуртаро метавонед тавассути телефони(+992) 44 600 32 45 ё дар сомонаи Хазина www.idif.tj дастрас намоед”,-навиштааст манбаъ.