Бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ дар маркази вилояти Суғд таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ҷараён дошта, корҳои сохтмонӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтаанд.
Тибқи нақша, ҳудуди қалъа, ки яке аз мавзеъҳои таърихиву қадимии шаҳри бостонии Хуҷанд маҳсуб меёбад, эҳё гардида, дар ҳудуди он бо пешниҳодоти олимону таърихшиносон ва риояи санъати меъмории миллӣ чойхона ва маҳаллаву хонаҳои қадимӣ сохта мешаванд.
Сомонаи мақомоти вилоят менависад, ки зимни боздид аз Қалъаи Хуҷанд роҳбари вилоят бо рассомону ороишгарон, меъморону таърихнигорон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат карда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, ба роҳ мондани ҳафриёти археологӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар вақти таҷдиду барқарорсозӣ маслиҳату тавсияҳо дод.
“Мусаллам аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад”,-мегӯяд манбаъ.