Тухмипарварӣ самти муҳимтарини соҳаи кишоварзист

Бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар баробари дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш ба фаъолияти чашмраси олимони соҳа низ рабт дорад. Маҳз заҳмат ва талошҳои ин қишри ҷомиа аст, ки сол то сол соҳаи растанипарварии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Худ бо истифода аз тухмиҳои навъи маҳалии ихтироънамудаи олимон дар як мавсим рӯёнидани 3-4 ҳосил далели гуфтаҳои мост.

 Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев саҳми олимонро дар рушди бесобиқаи соҳаи кишоварзӣ бориз медонад. Ӯ мегӯяд, ки олимони кишоварзи тоҷик тавонистанд, тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ навъҳое ихтироъ кунанд, ки истифодаи он бамаротиб муфид аст. Маҳз ихтирооти мазкур боис гардид, ки кишоварзон, бахусус картошкапарварон бо истифода аз навъи нави картошкаҳои «Тоҷикистон», «Нилуфар»  ва  «Овчӣ» ҳосили баланд ба даст оранд.

Дар ҳамин ҳол номзади илмҳои биологӣ Мавлуда Анварова мегӯяд, ки  кишварҳои хориҷ бе ҳадафи муайян барои воридоти тухмӣ мусоидат намекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки соҳаи кишоварзии мо дар самти дастрасӣ ба тухмӣ ба эшон тобеъ бошад. Ба ин хотир тухмиҳое, ки аз хориҷа ворид мегарданд, танҳо як сол  истифода мешаванд.

Воқеан ҳам тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин аз истифода тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дорад.

Пас дар шароити кунунӣ, ки хатари ғизоӣ ҷомеаи ҷаҳониро ҳамкории олимону кишоварзонро мебояд тақвият бояд дод, то марди деҳқон тавонад, хостаҳои ғизоии шаҳрвандонро бо истифода аз тавсияҳои судманд бемушкилӣ ҳал намояд.

Муродулулло Раҳимов,

радиои Тоҷикистон