Савдои наздисарҳадӣ бо Афғонистон такмил хоҳад ёфт

Акс аз лоиҳаи cabar.asia

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо вазири иқтисоди Афғонистон дар як дидор масъалаи афзоиши гардиши савдои мутақобилаи байни кишварҳо ва такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҳамин замина бояд гуфт, ки як сол пеш мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ аз таъсиси як бозори наздиҳарҳадии нав хабар доданд. Аз ин пеш, сомонаи cetrn.org гуфта буд, ки “айни ҳол байни Тоҷикистону Афғонистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чор бозори марзӣ- воқеъ дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ, маркази  ноҳияи  Ишкошим, Рузвайи ноҳияи Дарвоз ва Хумроғии ноҳияи Ванҷ амал мекунанд. Дар ин бозорҳои марзӣ тоҷиронро аз Кобул, Тахор ва Файзобод низ дидан мумкин аст, ки молашонро барои савдо меоранд. Ғайр аз мардуми маҳаллӣ, сайёҳони хориҷӣ низ дар бозорҳои марзӣ зиёд ба чашм мерасанд”. Ба гуфтаи шоҳидон дар ин бозор  сокинони деҳоти ду тарафи марз маҳсулоти ҳанармандии дастиашонро ба фурӯш мегузоранд ва аз таҷрибаи касбии ҳамдигар меомӯзанд.

Вобаста ба мулоқот бошад, сомонаи Вазорати рушди иқтисод менависад, ки  Завқӣ Завқизода бо Карима Ҳамид, ҳамчунин вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорон аз Афғонистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, мусоидат ба татбиқи сареъи хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ибрози назар намуда,  қайд гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки аз таърихи қадимаи мо сарчашма мегиранд, асос меёбанд.

Бояд гуфт, ки дидори вазирони рушди иқтисод дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» сурат гирифтааст.