Ҳамоиши илмӣ бахшида ба ёдбуди Худоӣ Шарифзода ва рӯнамоии се китоби тозанашри ӯ дар ДМТ

Имрӯз дар  толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ДМТ  маҳфили (семинари илмӣ) “Баҳори дониш”  бахшида ба ёдбуди адабиётшиноси шаҳири тоҷик, Худоӣ Шарифзода баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиши илмӣ намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсат ва устодони ДМТ, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, адабиётшиносон ва шогирдони Худоӣ Шарифзода ширкат намуданд. Ҳамчунин  рӯнамоии асарҳои тозанашри ин адабиётшиноси варзида, ки пас аз вафот рӯйи нашрро диданд, бо номҳои “Ҳамосаи шоҳон дар Шоҳномаи Фирдавсӣ”, “Девори Ҳисомии Хоразмӣ” ва “Теоретические вопросы прозы таджикско-персидских письменных памятниках” сурат гирифт.

Ҳозирин бо маърӯза аз саҳми Худоӣ Шарифзода дар инкишофи таҳқиқи илми адабиётшиносӣ сухан гуфта, қайд намуданд, ки Худоӣ Шарифзода дар ҷодаи таҳқиқ соҳибмактаб буда, имрӯз аҳли эҷоди таҳқиқ бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд. Асарҳои зиёди устод ва корҳои таҳқиқотию илмии ӯ арзиши баланди илмию пажӯҳиши дошта, роҳнамо дар самтҳои зиёди таҳқиқӣ мебошад.

“Худоӣ Шарифзода ва пайравони мактаби илмии ӯ муҳимтарин масоили назария ва таърихи адабиёти тоҷикро ба таҳқиқ гирифтаанд. Дар ин мактаб масъалаҳои назарӣ ва амалии адабиётшиносӣ, аз қабили назария ва поэтикаи шеъри форсӣ-тоҷикӣ, назария ва таърихи таҳаввули насри форсӣ-тоҷикӣ, зиндагинома ва мероси адабии симоҳои барҷастаи адабиёти асримиёнагӣ, назарияи жанрҳо ва навъҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, ҷараёнҳои мазҳабиву фикрӣ ва таъсири он ба адабиёт, навоварӣ ва суннат мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст.  Таълифоти арзишманди ӯ, аз қабили «Балоғат ва суханварӣ», «Каломи бадеъ», «Савти Аҷам», «Рози ҷаҳон», «Шеър ва шоир», «Озурдагон ва умедворон», «Назарияи наср», «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо баҳои баланд гирифта, теъдоде аз китобҳои эшон дар хориҷ аз кишвар ба чоп расида ва натиҷаи заҳматҳои устод бо ҷоизаҳои муътабари илмиву фарҳангӣ қадрдонӣ шудааст”-қайд гардид дар ҳамоиш.

 Бояд гуфт, ки Худоӣ Шарифзода 25 июни соли 1937 ба дунё  омада, аз соли 1961 то дами марг (29. 10. 2017) дар вазифаҳои гуногун дар ДМТ кор карда, ба фаъолияти илмӣ машғул буд.  Соли 1970 дар мавзуи «Ташаккули афкори адабии форс-тоҷик дар асрҳои Х-ХI» рисолаи номзадӣ  ва  соли 1987 дар мавзуи «Назарияи наср дар осори форсии марҳилаи классикӣ» (асрҳои Х-XV) рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.