Дар нашри навбатии радиомаҷаллаи “Бозтоб” мавзӯъҳои зер баррасӣ шуданд:
Иброҳим Раисӣ президенти нави Эрон – оё сиёсатҳои дохиливу хориҷии Теҳрон таҷдиди назар мешавад?
Иброҳим Раисӣ рӯзи 21 июн дар нахустин нишасти хабарии пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, ки ҳозир ба мулоқот бо раиси ҷумҳури Амрико нест ва аз Вашингтон хост ба созишномаи ҳастаӣ ё худ БАРҶОМ баргардад.
Иброҳим Раисӣ дар хитоб ба Амрико гуфт пешниҳодаш ин аст, ки дар зудтарин фурсат таҳримҳо аллайҳи Эронро рафъ кунад ва ба иҷрои таъаҳҳудоти худ боз гардад. ӯ гуфт ки масоили марбут ба барномаи мушакӣ ва сиёсатҳои минтақаии Эрон қобили музокира бо Амрико нест. Раиси ҷумҳури мнутахаби Эрон сипас кишварҳои аврупоиро ба интиқод гирифт ки дар иҷрои таҳримҳо аз иёлоти муттаҳида пайравӣ карданд.
Вай дар бораи равобит бо Чин гуфт, ки тавофуқи 25 сола миёни ду кишвар иҷро хоҳад шуд ва дар бораи муносибот бо Арабистон изҳор дошт, ки аз дидгоҳи Эрон маҳдудияте барои бозкушоии сафоратхонаҳои ду кишвар вуҷуд надорад.
Иброҳим Раисӣ дар нахустин конфаронси хабарӣ посухҳои нисбатан кӯтоҳ медод ва талош мекард мустақиман ба суолҳо ҷавоб диҳад. Ӯ дар мавриди авлавиятҳои давлати оянда ва аъзои кобина чанд бор бар вожаҳои “коромад” “инқилобӣ ” ва “фасодситез” таъкид кард.
Дар поёни нишасти матбуотиаш Раисӣ аз эрониёни хориҷ аз кишвар барои сармоягузорӣ дар Эрон даъват кард ва гуфт, ки амният барои сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон дар ибтидои конфаронси хабарӣ ваъдаҳои интихоботӣ барои мубориза бо фасодро такрор кард ва гуфт дар рӯзҳои аввали раёсати ҷумҳуриаш дастуре барои рафъи бистарҳои фасодзо содир хоҳад шуд.
Президенти мунтахаби Эрон иброз умедворӣ кард, ки раёсати ӯ умедро ба мардум боз мегардонад. Ӯ гуфт ки ба сурати мустақил ворид интихобот шуда ва гуфта барои ташкили давлат фақат вомдори мардум хоҳад буд “.
Қарор аст, ки Иброҳим Раисӣ рӯзи 12 август расман ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳури исломии Эрон корро шуруъ кунад. Ҳамакун саволи матраҳ он аст баъди интихоби Иброҳим Раисӣ ба унвони президенти нави Эрон ё тағйироти кулле дар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии ин кишвар иттифоқ хоҳад афтод ё не?
Сарвазири Покистон ҳимоят аз Толибонро иштибоҳ донист – нақши Исломобод дар Афғонистон созанда аст ё сӯзанда?
Имрон Хон сарвазири Покистон гуфтааст, ки кишвараш дар гузашта ба иштибоҳ байни тарафҳои даргир дар Афғонистон аз як тараф ҳимоят карда буд. Покистон дар даҳаи навад яке аз се кишваре буд, ки аморати исломии толибонро ба расмият шинохта буд. Имрон Хон дар ёддоште ки дар рӯзномаи Вашингтон пост навишт, ҳамчунин гуфтааст,ки Покистон омодааст дар заминаи сулҳи Афғонистон бо иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳамкорӣ кунад, аммо аз пойгоҳҳои амрикоӣ дар хокаш мизбонӣ нахоҳад кард то аз ташдиди ихтилофот дар Покистон ҷилавгирӣ кунад.
Сарвазири Покистон бо ишора ба хатароти ношии аз додани пойгоҳҳои низомӣ ба иёлоти муттаҳида гуфт, ки мумкин аст ин тасмим барои кишвараш вайронии бештареро ба ҳамроҳ дошта бошад.
Пеш аз ин бархе расонаҳо гузориш дода буданд ки нерӯҳои ҳавои Покистони тарҳи сохти пойгоҳи ҳавоии ҷадид дар иёлоти Балӯҷистонро баррасӣ мекунад. Гурӯҳи толибон низ қаблан ба гузоришҳо вокуниш нишон дода ва гуфта буданд агар пойгоҳҳои амрикоӣ дар яке аз кишварҳои минтақа мунтақил шавад ва аз он пойгоҳҳо дар хоки Афғонистони амалиёти низомӣ иҷро шавад, дар баробари ин иқдом хомӯш нахоҳанд монд.
Нахуствазири Покистон ҳамчунин дар “Вашингтон пост” навиштааст, ки кишвараш аз ҷангҳои Афғонистон бисёр осеб дидааст. Ӯ гуфт дар ин муддат беш аз 70 ҳазор покистонӣ кушта шуда ва дар ҳоле, ки иёлоти муттаҳида 20 миллиард доллар кумак кардааст, зарарҳои иқтисодии Покистон аз 150 миллиард доллар фаротар рафтааст.
Имрон Хон навишт: “бо ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин иёлоти муттаҳида дар ҷанг пирӯз нашуд, аммо онҳо нафратро барои амрикоиҳо эҷод карданду сафи гурӯҳҳои террористиро алайҳи ин ду кишвар афзоиш доданд.” Ӯ ҳамчунон ҳушдор дод, дар сурате, ки Афғонистон ба як тавофуқи сиёсӣ даст наёбад, эҳтимол дорад ҷанги дохилии дигар дар ин кишвар иттифоқ биафтад.
Ба коршиносони масоили минтақа, Покистон дар таҳаввулоти чил соли охири Афғонистон нақши умда дошт ва айни замон низ яке аз бозингарони асосӣ дар раванди музокироти байнулафғонӣ дониста мешавад.
Тағйирот ба Кодекси замини ҶТ
Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи тағйирот ба Кодекси заминро пазируфт, ки бар асоси он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти нав гирифт. Тибқи ин тағйирот ҳамакунун ба ҲТ ҳуқуқ пайдо мекунад, дар ҳолатҳое, ки қитъаи замини додашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи таъинот истифода намегардад, қарори додани заминро аз эътибор соқит кунад.
Дар ҳоли ҳозир гарчанде қонунгузор додани қитъаи заминро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда бошад, аммо қатъи ҳуқуқ ва бекор намудани қарорҳои ин мақомро муқаррар накардааст. Тафислоти бештар дар гузориши ҳамкорам Шоҳин Саидов:
Нархи билет ба самти Русия танзим шуд – аммо билетҳо танҳо барои моҳи август фурӯхта мешавад
Як моҳ қабл гарон будани нархи чиптаи парвоз ба Русия яке аз шикоятҳои асосии шаҳрвандон буд, ва мусофирон шикоят доштанд, баъзан билетҳо бо маблағи то 15 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешаванд. Ҳамакунун Агентии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, ки бо талошҳои ин ниҳод ширкатҳои ҳавопаймоии Русия нархи билетро аз 1000-1200 доллар то 500 доллар пойин оварданд.
Аз сӯи дигар айни замон мусофирон шиква аз он доранд, ки харидории билет ба самти Русия барои рӯзҳои наздик ғайриимкон буда, чиптаҳои арзон танҳо барои рӯзҳои охири моҳи июл ва аввали моҳи август фурӯхта мешаванд.
Афзоши қимтаи маводи сӯхт дар кишвар
Афзоиши тадриҷии нархи маводи сӯхти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ дар Тоҷикистон аз мавзӯъҳоест, ки ин ҳафта баҳси гарми корбарони бахши тоҷикии Фейсбукро ба бор овардааст. Корбарони Фейсбук аз болоравии қиммати бензин ва гази моеъ дар кишвар ва таъсири он дар зиндагии мардум изҳори нигаронӣ кардаанд.
ШАКЛИ ПУРРАИ БАРНОМА:
Аҳмадов З.,
радиои Тоҷикистон