Беназмӣ дар фаъолияти таксиҳои масири Душанбе-Ёвон

Акси корбарон

Ҳаракати таксиҳои масири Душанбе – Ёвон дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, ки мақомот фаъолияти онҳоро ғайриқонунӣ медонад, боиси нигаронии ронандагон ва сокинони ин мавзеъ гардидааст, зеро даъвати ронадагон барои ҷалби мусофирон ва таваққуфи онҳо дар шафати роҳ ба ҳаракати дигар мошинҳо мушкилӣ эҷод мекунад.

Чанде аз ронандагони нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум, хусусан автобус бо  нигаронӣ гуфтанд, ки хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тавақққуф намудани ронандагони таксиҳои  ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ, сабаби таъхир дар реҷаи ҳаракат ва боиси нигаронии мусофирон гардидааст.

Саидхон Сабзалиев, ки худро танзимгари филиали 8-уми таксиҳои  масири Душанбе-Ёвон муаррифӣ кард, дар як суҳбат ба Радиои Тоҷикистон гуф, ки бо вуҷуди таъкидҳои зиёд ва  корҳои ташвиқотӣ барои ҷалби ин ронандагон ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ онҳо намехоҳанд фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи қонун амалӣ намоянд.

акс аз сомонаи nakliyot.tj

Бино ба иттилои сомонаи МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» (nakliyot.tj) чанде пеш бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани таваққуфи номуайяни нақлиёти мусофирбар, дар самти ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон дар буриши кӯчаи Н. Қарабоев бо кӯчаи А. Ҷомӣ (маҳаллаи 46) аз тарафи намояндагони мақомоти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бобати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба идораҳои назоратӣ, хусусан ба РХДН, МДК «Душанбенаклиётхадамотрасон», ШКД ВКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ва ба роҳбарони корхона ва ширкатҳои мусофирбар дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкили ҷойдошта пурра бартараф шавад. Аммо, тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, супоришҳо дар амал иҷро нагардида, рӯи қоғаз мондаанд.

Фирӯз Расулов, сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҷой доштани мушкилӣ ва роҳҳои ҳалли он ба Радиои Тоҷикистон гуфт, агар аз як тараф барои ҷой доштани мушкил дар ин минтақа ронандагони таксиҳои ноҳияи Ёвон ва Рӯдакӣ нақш дошта бошанд, сабаби дигар ба худи мусофирон бастагӣ дорад. Зеро онҳо дидаю дониста ба ин мавзеъ омада аз хизматрасонии ин мошинҳо истифода мебаранд. Ӯ бар он бовар аст, ки бо назардошти бурдани корҳои нозиротӣ дар моҳҳои наздик ин масъала ҳал хоҳад шуд.

Коршиносон бо таваҷҷуҳ ба ҳаракати таксиҳои аз шаҳру ноҳияҳо ба пойтахти кишвар воридшаванда мегӯянд, ки мушкил дар бахши соҳаи мусофирбарӣ аст. Зеро агарчӣ фаъолияти онҳо ғайриқонунӣ арзёбӣ мегардад, аз тарафи дигар мусофиркашонӣ ягона манбаи даромад дар оилаҳои онҳо арзёбӣ мешавад ва ҷалби онҳо ба ҷамъиятҳои мусофирбарӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Огоҳони соҳа мегӯянд, шумораи таксиҳо дар шароити кунунӣ сол аз сол зиёд мешавад. Ҳатто дар ин самт мошинҳоеро метавонд, ки амалан намуди зоҳирии хуб надошта, лек ба фаъолияти мусофирбарӣ машғул аст. Илова бар ин, қисме аз онҳо дар дохили пойтахт ба хадамоти таксии ба  истилоҳ “панҷсомона” машғул шуда, ба низоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал ворид месозанд.

Ба иддаи бархеи дигар шояд мавзӯи мусофиркашонӣ рӯз аз рӯз доғтар гардад. Хусусан, дар шароите, ки мушкилоти иқтисодӣ ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ба гунаи кишварҳои пешрафта дар назди бештаре аз сохторҳои давлатӣ бояд ниҳодҳои омӯзишӣ таъсис дода шавад. Ин ниҳодҳо чун Вазорати нақлиёт муваззаф хоҳанд буд, ки дар ин самт пажӯҳишеро анҷом дода, дар якҷоягӣ бо дигар идораҳои масъул ин масъаларо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар таҳлил намуда, бар пояи он хулосаи амиқи худро бароранд. То мусофирон дар ин масир ҷони худро дар хатар намонда, ба воситаҳои нақлиёте, ки ҳолати техникӣ ва саломатии ронанда таҳти назорати мутасаддиёни ҷамъиятҳои нақлиётӣ  вогузор гардидааст, истифода баранд.

Дӯстмуроди Файзалӣ,

радиои Тоҷикистон