Маркази миллии тестӣ ба довталабон мӯҳлат дод

Маркази миллии тестӣ марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021-ро 30‑юми июн дароз кард.

Ба гуфтаи марказ дар ин давра довталабонро танҳо дар шаҳри Душанбе бақайд мегиранд ва Довталабоне, ки худро дар ин марҳала номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10 то 30 июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ (12 июл) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе – Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и  ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15) ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59) месупоранд.

Хотирасон мекунем, ки нимаи моҳи апрел ММТ иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти омории рафти бақайдгирии довталабон дар ИМД-2021 аз 1 март то 12 апрел шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) 131,47 %, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 4‑ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) 110,80 %, ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) 101,82 %-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад.

Шумораи довталабони бақайдгирифташудаи дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) ҳамагӣ 55,27 % ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) 65,45 %-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5-ум, 4‑ум ва 3‑юм хеле кам аст.

Аз ин рӯ, Маркази миллии тестӣ ба довталабон пешниҳод кардааст, ки барои бо эҳтимолияти зиёд унвони донишҷӯиро соҳиб шудан, аз ихтисосҳое, ки ба онҳо зиёд ҳуҷҷат супорида шудааст, худдорӣ намоянд. Ё имкон доранд, ки  то 30 апрел ин гуна ихтисосҳои интихобкардаашонро иваз кунанд. Марказ омори рафти бақайдгириро дар сомонаи худ ҷой додааст ва аз довталабон хостааст, то пеш аз интихоби ихтисосҳо аз он дидан намоянд.