17.06.2021, ноҳияи Данғара
Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон!
Мо тасмим гирифтем, ки дар мулоқоти анъанавӣ бо шумо вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои додашуда ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатиро баррасӣ намоем.
Боиси қаноатмандист, ки мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон мисли тамоми сокинони кишвар корҳои бузурги ободониву созандагиро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон вусъат бахшида истодаанд.
Бовар дорам, ки ҳамаи ин иқдомоти созандаву ватандӯстона барои боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳои вилоят, хеле беҳтар шудани шароити зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар вилоят то имрӯз 6960 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи нави доимии корӣ ва 21000 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудааст.
Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят беш аз 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд.
Вобаста ба ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Умуман бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.
Ҳоло татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ (1,3 миллиард доллари амрикоӣ) амалӣ шудааст.
Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо маблағи зиёда аз 5,2 миллиард сомонӣ (460 миллион доллари амрикоӣ) аз худ гардидааст.
Дар робита ба ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатноки барномаву лоиҳаҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати аҳлонаи сокинони вилоят солҳои охир маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят мунтазам афзоиш ёфта, соли 2020 ба 22,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2005-ум 12 баробар зиёд мебошад.
Танҳо дар як соли охир ин нишондиҳанда ба андозаи 2,4 миллард сомонӣ афзоиш ёфта, барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар вилоят 103 фоиз таъмин гардидааст.
Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки то ҳол дар вилоят иқтидору имконияҳои мавҷуда пурра истифода нашуда истодаанд.
Аз ҷумла дар ин давра нақшаи даромади ду намуди андоз ба маблағи беш аз 6,5 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст ва бақияи қарзи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ташвишовар мебошад.
Зеро ҳаҷми он ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ ба 180 миллион сомонӣ расида, назар ба аввали сол ҳамагӣ 11 миллион сомонӣ кам шудааст, ки қонеъкунанда нест.
Роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳо вазифадоранд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, барои рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми содирот ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа пайваста чораҷӯӣ намоянд.
Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 849 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллион сомонӣ ё қариб 37 фоиз зиёд мебошад.
Бо вуҷуди ин, таъкид менамоям, ки нишондиҳандаи зикршуда бо дарназардошти имкониятҳои бузурги вилоят дар самти рушди соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ қонеъкунанда нест.
Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус, ба бахши истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
То аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 625 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 14 корхонаи нави саноатӣ дар давоми панҷ моҳи аввали ҳамин сол таъсис ёфтааст.
Дар баробари ин, дар ин давра 166 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 25 корхона пурра қатъ гардидааст.
Дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ба 3,4 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳамагӣ 4,6 фоиз афзудааст, ки дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар тамоман кам мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи аввали соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 33 фоиз, вилояти Суғд зиёда аз 30 фоиз, шаҳри Душанбе беш аз 20 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 фоиз ва дар маҷмӯъ дар мамлакат 21,5 фоиз афзоиш ёфтааст.
Илова бар ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Норак коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра аз 153 номгӯйи маҳсулоти саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда ҳаҷми истеҳсоли 38 номгӯйи он (25 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин нагардидааст ва 10 намуди маҳсулоти саноатӣ умуман истеҳсол нашудааст.
Аз ҷумла истеҳсоли орд 7 фоиз, нахи пахта 21, трансформатор 86, оҳаки бинокорӣ 31 ва коркарди намаки ошӣ 20 фоиз коҳиш ёфта, брикетҳои сӯзишворӣ, коагулянт, оҳаки хлордор, либоси махсуси тиббӣ ва қубурҳои оҳану бетонӣ умуман истеҳсол нашудаанд.
Гарчанде истеҳсоли либоси мактабӣ дар вилоят панҷ баробар афзоиш ёфтааст, вале сатҳи таъминоти хонандагон бо ин намуди маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳамагӣ 3 фоизро ташкил додааст.
Дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноати истихроҷи вилоят низ кам шуда, ба 84 фоизи ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта баробар шудааст.
Дар вилоят, инчунин, истеҳсоли нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз коҳиш ёфта, ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда аз аҳолӣ ҳамагӣ 79 фоизро ташкил кардааст, ки ташвишовар мебошад.
Таъкид месозам, ки нишондиҳандаҳои соҳаи саноати вилоят умуман қонеъкунанда нестанд ва барои таъмин намудани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз роҳбарону масъулини соҳа, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо андешидани чораҳои қатъӣ ва фаврӣ талаб карда мешавад.
Хотиррасон менамоям, ки вобаста ба ҳалли ин масъала дар вохӯрӣ бо фаъолони вилоят охири моҳи марти соли ҷорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда буданд.
Ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бори дигар супориш дода мешавад, ки ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, барои татбиқи ин ҳадаф боз ҳам бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, дар ин замина бамаротиб афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти аз ҳама сераҳолии кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.
Инчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар сохторҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои истеҳсоли нерӯи барқ бо дарназардошти истифодаи пурраи иқтидорҳо, кам кардани талафот ва истифодаи самараноку сарфакоронаи он, инчунин, пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда чораҷӯӣ намоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ («Панҷ», «Данғара», «Кӯлоб») таъсис дода шудааст, ки метавонад барои баланд бардоштани иқтидори саноатии вилоят саҳми арзанда гузорад.
Вале имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ҳанӯз пурра истифода нашуда истодаанд, ки чунин вазъ хеле ташвишовар мебошад.
Ҳарчанд ки аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» (401 гектар) дувоздаҳ сол ва «Данғара» (541 гектар) даҳ сол гузаштааст, вале дар ин давра дар ҳудуди онҳо ҳамагӣ мутаносибан 11 ва 26 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст.
Дар панҷ моҳи аввали соли 2021 аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» умуман маҳсулот истеҳсол нашудааст ва субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳамагӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар ҳудуди 309 гектар соли 2019 таъсис гардида, дар он то имрӯз фақат як субъект ба қайд гирифта шудааст, ки он ҳам то ҳол фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ намондааст.
Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадоранд, ки бунёди инфрасохтори зарурии минтақаҳои озоди иқтисодиро ба анҷом расонида, ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар онҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ вусъат бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар панҷ моҳи аввали соли 2021 кишоварзони вилоят ба маблағи беш аз 2,9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум ба маблағи 304 миллион сомонӣ ё ба андозаи 11,4 фоиз зиёд мебошад.
Кишти зироатҳои кишоварзӣ дар вилоят дар майдони 314 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 101 фоизи дурнамои пешбинигардида баробар мебошад.
Бо вуҷуди ин, тибқи маълумот оид ба ченаки назоратӣ дурнамои кишти картошка дар вилоят таъмин нагардида (иҷро 73 фоиз), аз нишондиҳандаи пешбинишуда 2121 гектар кам кишт шудааст.
Дар ноҳияи Муъминобод 1071 гектар, Ховалинг 360, Ҷайҳун 197, Вахш 85, Балҷувон 84, Шамсиддини Шоҳин 80, ва Қубодиён 73 гектар картошка аз нишондиҳандаи дурнамо кам кишт карда шудааст.
Инчунин, дурнамои кишти пахта дар вилоят таъмин нагардида (иҷро 90,3 фоиз), аз нишондиҳандаи пешбинишуда беш аз 12 ҳазор гектар пахта кам кишт шудааст.
Бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёнидани се – чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он масъулияти шахсӣ доранд ва вазифадоранд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
То 1-уми июни соли ҷорӣ аз ҳудуди гумрукии вилояти Хатлон ҳамагӣ 11 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз он 10,9 ҳазор тоннаро пиёз ташкил медиҳад ва ҳиссаи дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ (меваю сабзавот) ночиз мебошад.
Имкониятҳои вилояти Хатлон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, зироатҳои барвақтӣ ба кишварҳои ҳамсоя ниҳоят калон мебошад, ки аз роҳбарону мутасаддиён андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ набудани марказҳои муосири логистикӣ вобаста ба банду баст, ҳамлу нақл, дарёфти бозори фурӯш ва дигар навъҳои хизматрасонӣ то ба ҳол ҳамчун мушкилоти асосии содирот боқӣ мемонанд.
Дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» сохтмони марказҳои логистикӣ бо дарназардошти ҷорӣ намудани технологияҳои муосири соҳавӣ, фаъолияти маркетингӣ, анборкуниву нигоҳдорӣ, аз ҷумла ташкили сардхонаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба баланд бардоштани хизматрасониҳои логистикии байналмилалӣ ва иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад.
Бо мақсади рушди содирот барои боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар масири Хатлон аз 30 то 80 фоиз тахфифҳо пешбинӣ карда шудаанд, вале дар панҷ моҳи аввали соли 2021 тавассути гузаргоҳи роҳи оҳани Хушодӣ — Амузанг ҳамагӣ 1,6 ҳазор тонна бор интиқол гардидааст, ки 0,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро дар кишвар тавассути ин намуди нақлиёт ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаи мазкур далели он аст, ки имкониятҳои дар вилоят фароҳамовардашуда дар самти содирот самаранок истифода карда намешаванд.
Бинобар ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, Агентии содирот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати нақлиёт ва дигар вазорату идораҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он, бунёди боғҳои нав, махсусан, боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин, ташкили инфрасохтори муосири содиротӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар ин самт корҳои амалиро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон бо ин, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бори дигар вазифадор менамоям, ки дар самти зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ аз тариқи гузаргоҳи зикршуда ва дар маҷмӯъ, афзоиш додани содироти маҳсулот тавассути нақлиёти роҳи оҳан чораҷӯӣ намоянд.
Ҳоло дар вилоят 18 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 500 ҳазор сар паранда парвариш ёфта истодааст. Вале дар ин корхонаҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ саршумори паранда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазор сар кам шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Хотирнишон месозам, ки дар вилоят имконияту иқтидорҳои истифоданашуда дар самти парандапарварӣ хеле зиёд буда, зарур аст, ки доир ба ин масъала тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Вобаста ба ин, ба роҳбарону масъулин таъкид месозам, ки барои ташкили фермаҳои чорводорию парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Ҳолати ташвишовари мелиоративии зиёда аз 10 ҳазор гектар замин яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи кишоварзӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад, ки 8,7 ҳазор гектари он ба минтақаи Бохтар ва 1,4 ҳазор гектар ба минтақаи Кӯлоб рост меояд.
Бо дарназардошти чунин вазъ, роҳбарони вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои фаврӣ андешида, истифодабарии самараноки заминҳо ва шабакаҳои обёриро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки доир ба вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ташкили инфрасохтори зарурии пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ, огоҳсозии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ин раванд, дар назар бояд дошт, ки тадбирҳои андешидашуда ба давраи дарозмуҳлат нигаронида шуда, технологияву таҷҳизоти мавҷуда барои пешгирии офатҳои табиӣ самаранок истифода бурда шавад.
Зеро ҳисороти моддӣ аз ҳисоби офатҳои табиӣ сарбории буҷети кишварро зиёд намуда, ҳар сол барои барқарорсозии инфрасохтори зарардида, иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва манзили шаҳрвандон садҳо миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки илова ба хароҷоти Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпешаи кишвар ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида кумак расонида мешавад.
Вале бо вуҷуди ин, мо бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар самти пешгирӣ намудани ҳар гуна офатҳои табиӣ, ки бо сабаби тағйирёбии иқлим қариб ҳар сол ба вуҷуд омада истодаанд, тадбирҳои бисёр ҷиддӣ ва самарабахш андешем.
Ҳамчунин, ба ҳамаи роҳбарону масъулон бори дигар хотиррасон менамоям, ки ба масъалаи бартарафсозии оқибатҳои офати табиии моҳи май эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Тайи даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи вилояти Хатлон беш аз 5 баробар ва ба соҳаи тандурустӣ 7 баробар зиёд шуда, мутаносибан ба 1,3 миллиард ва 566 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст.
Бо мақсади ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ва тандурустии вилоят як қатор санаду барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки татбиқи онҳо ба талабот ҷавобгӯ нест ва мушкилоти ҳалталаб дар соҳаҳои зикршуда ҳанӯз зиёд мебошанд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои қаблӣ масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришҳои мушаххас гирифта буданд.
Роҳбарону масъулини соҳаро бори дигар таъкид менамоям, ки барои татбиқи босифати барномаҳои дар соҳаҳои иҷтимоӣ қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба вазъи воқеии корҳо то охири соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.
Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, махсусан, дар ноҳияҳои дурдаст, бартараф кардани раванди таълиму тарбия дар се баст, зиёд намудани фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии равияи омӯзгориву тиббӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят, баланд бардоштани сатҳи дониши касбии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи тиббӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ ва ташхису табобат нақшаҳои амалиро татбиқ намоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳадафи асосиву ягонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.
Дар робита ба ин, хотирнишон месозам, ки таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шумо – роҳбарону масъулон, фаъолон ва ҳар як сокини вилоят вобастагӣ дорад.
Вазъи ҷаҳони имрӯза ба ҳамаи шумо маълум аст.
Илова ба оқибатҳои вазнини тағйирёбии иқлим – хушксоливу камобӣ таъсири манфии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон идома дорад.
Ҳоло ки мавсими ҷамъоварии ғалладонагиву мева ва хӯроки чорво мебошад, шумо бояд мардумро сафарбар созед, ки ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ карда, дар кишти такрорӣ бо истифодаи тухмиҳои аълосифат ҳарчи бештар зироатҳои лӯбиёгӣ, маккадон ва шолӣ кишт карда шавад.
Таъкид месозам, ки бояд ягон ваҷаб замин холӣ намонад ва ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, инчунин, ба захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Соли дуюм аст, ки хушксолӣ масъалаи хӯроки чорворо бисёр мураккаб гардонида истодааст.
Бинобар ин, захираи хӯроки дурушт барои чорво имрӯзҳо масъалаи муҳимтарин ба шумор меравад.
Ҳамчунин, зарур аст, ки аз ҳоло омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, хусусан, ба мавсими сармо тайёр кардани муассисаҳои ичтимоӣ ва аҳолӣ вусъат бахшида шавад.
Итминон дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ, махсусан, дар арафаи сисолагии истиқлоли давлатӣ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.
Дар интиҳо ба кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Хатлон ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд саломатӣ, хонаи обод ва барору муваффақият орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!