Ширкати машваратии ҷопонии CTI Engineering Co.ltd ва ширкати Пудратчӣ Dai Nippon Construction корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи “Душанбе – Бохтар”-ро оғоз мекунанд.
Ба ин хотир, чанде пеш вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо намояндагони ин ширкатҳо мулоқот намуда, дар он қайд карда шуд, ки тибқи қарордоди ба имзо расонидашуда бо ширкати Пудратчӣ дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” сохтмону барқарорсозии 9,2 км роҳ бо таҷдиди ду хатти амалкунанда ба чор хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар муҳлати 22 моҳ пешбинӣ шудааст. Дар навбати худ, роҳбари ширкати машваратии CTI Engineering Co.ltd зимни мулоҳизарониҳои худ қайд намуд, ки ширкати машваратӣ омода аст хизматрасониҳои худро ҷиҳати таъмини босифати иҷрои корҳо дар доираи қарордоди ба имзо расонидашуда, дар якҷоягӣ бо ширкати Пудратчӣ “Даи Ниппон” анҷом диҳад.
“Вазири нақлиёт аз тасмимгирии Тарафи Ҷопон ҷиҳати татбиқи лоиҳа изҳори сипос намуда иброз намуд, ки бо мақсади самаранок истифода бурдани маблағҳои пешбинишуда ва бо назардошти он ки ширкати мазкур таҷрибаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллиро дорад ва дар вазъияте, ки хатари бемории коронавирус то ҳол аз байн нарафтааст пешниҳод карда мешавад, ки татбиқи лоиҳа бо ҷалби ширкатҳои таҷрибадор ва ҳирфаии роҳсози маҳаллӣ амалӣ гардад. Зеро дар вазъияти пандемия интиқоли техникаю таҷҳизотҳо аз Ҷопон ба Тоҷикистон ва хароҷотҳои вобаста ба ин равандро метавон тариқи ҷалби имкониятҳои дохилӣ сарфа намуд”,-менависад сомонаи вазорат.
Дар охир, ҷонибҳо аз бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда татбиқ ва мавриди истифода қарор додани лоиҳа изҳори боварӣ намуданд.