16 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар иншооти навбунёд 20 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият мекунад.
Дар коргоҳи мазкур нушоба, шарбат, мураббо, дар маҷмуъ беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад.
Инчунин хатҳои технологӣ имконият медиҳад, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ аз қабили апелсин, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ дар ҳамаи фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳои истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Украина оварда шудааст.
Ба хотири захираи маҳсулоти истеҳсолии корхона анборҳо бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад дар ҳама фасли сол маҳсулоти ҷавобгӯӣ талабот ва дорои сифати баланд пешниҳоди сокинон гардонида шавад.
Биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори он мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, дорои имконияти мусоиди кору фаъолият мебошад.
Ҳамчунин дар ин рӯз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар намоишгоҳ 14 намуд макарон, орд, кансерварҳо, шарбату афшура, муррабо, маҳсулоти ширӣ, гандум, лубиёгиҳо, картошка, макка, мурғ, тухм ва сару либоси низомӣ барои сарбозон пешниҳод карда шуд.
Ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назди Агентӣ имкон медиҳад, ки солона беш аз 20 дарсади маблағҳои буҷет сарфа гардида, дар баробари бештар дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, ҳамзамон сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли худии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 корхонаю хоҷагиҳои ёрирасон, ки самти фаъолияташонро соҳаҳои кишоварзию саноатӣ дар бар мегирад, амал менамояд.
Корхонаҳои назди Агентӣ дорои 97 ҳазору 195 гектар замин, аз ҷумла, 2280 гектар заминҳои корами обӣ, 984 гектар лалмӣ, 536 гектар боғу токзор, 58 919 гектар чарогоҳ, 5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат баҳри ноил гаштан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолӣ давлатӣ Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зерсохторҳояш иқдом гирифтааст, ки бо роҳи бунёди иншооти муосири истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин самт саҳми арзанда гузорад.
Сарвари давлат зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолӣ масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати коркади маҳсулот таваҷҷуҳи бештар дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаро таъмин созанд.