Ба андешаи директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебреесус пандемияи COVID-19-ро танҳо дар сурати эм кардани ҳадди ақал 70 фоизи аҳолии кураи Замин бартараф карда мешавад.
Ин нуктаро Тедрос Гебреесус дар нишасти G7 изҳор дошта, илова кардааст, ки “ин кор бояд то замони мулоқоти навбатии шумо (G7) дар соли оянда дар Германия анҷом дода шавад. Ин корро бо дастгирии муштараки «ҳафтгонаи бузург» ва «бистгонаи бузург» анҷом додан мумкин аст. Барои ин ба мо 11 миллиард воя ваксина лозим аст».
Тавре «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, то моҳи сентябри соли равон бояд на камтар аз 10 фоизи аҳолии ҳар як кишвар ва то охири сол 40 фоиз эм карда шавад. Барои ин дар ҳоли ҳозир 100 миллион воя ваксина – барои ин моҳ ва моҳи оянда ва 250 миллиони дигар то моҳи сентябр зарур аст. «Мо аз ваъдаҳои саховатмандонаи шумо барои ваксина истиқбол мекунем. Сипос. Аммо ба мо бештар лозим аст ва онҳо барои мо ҳарчи зудтар лозиманд», — иброз дошт Тедрос. Ӯ афзуд, ки ваксинаҳо бояд тавассути ташаббуси COVAX тақсим карда шаванд.
Директори генералии СУТ даъват кард, ки барои аз пандемияҳои оянда наҷот додани ҷаҳон аз буҳрони кунунӣ сабақ гирифта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло чизи асосӣ ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи маълумот, иттилоот, захираҳо, технологияҳо ва ҳама воситаҳоест, ки ҳар як кишвар барои таъмини амнияти мардумаш ниёз дорад.
«Роҳбари СУТ пешниҳод кард, ки «созишномаи байналмилалӣ — шартнома ё конвенсия» дар бораи баланд бардоштани омодагӣ ба ин гуна пандемия ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти муайян кардани манбаъҳои пайдоиши микробҳои нав ба тасвиб расонида шавад»,-менависад манбаъ.