13 июн бар асари шамоли сахт 91 метри мураббаъи болопӯши яке аз биноҳои ноҳияи Фирдавсӣ ба замин афтодааст.
Ҳодисаи мазкурро дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе батараф карданд. Ҳамзамон, боди шадид болопӯши як бинои 9-ошёнаро кандаву ба замин ва рӯйи мошинҳо афтондааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобиву наҷоти Кумита бо дастаи махсуси зудамали раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҳолати баамаломадаро бартараф намуданд.
КҲФ менависад, ки болопӯшҳои шамолканда дар биноҳои мазкур аз ҷониби соҳибмулкон худсарона, бе лоиаҳи сохтмониӣ ва бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе, сохта шудааст ва дар ду ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.