Форуми сеюми миллии соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон (ИРБаХТ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки беҳтаринҳои соҳа муайян гардид. Форум аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ва Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) гузаронида шуд.
Мавзӯъи форум «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридотивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангупардоздиҳӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ–самти афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон» буд. Он ба Иди касбии кормандони соҳаи саноати сабуки Тоҷикистон, ки имсол 13-уми июн таҷлил гардид, бахшида шуд. Дар форум соҳибмулкон, роҳбарон, мутахассисони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии аъзои Иттифоқ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ, шарикони байналмилалии рушд ҷамъ омада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро дар Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Фарҳод Билолзода, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушду равнақи фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар аҳамияти хоса медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда чораҳои заруриро барои фароҳам намудани шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ меандешад. Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ мебошад. Имрӯзҳо татбиқи усулҳои нави ҳамкорӣ дар ин ҷода идома дошта, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ ба зинаҳои нав баромада истодааст. Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор намудани чунин чорабиниҳоро қобили таваҷҷуҳ шуморида, натиҷаи онҳоро дар амалигардонии самтҳои асосии сиёсати дастгирикунандаи соҳаи соҳибкорӣ мусоидаткунанда меҳисобад”.
Файзалӣ Раҷабов, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон гуфт: “Дар нишасти имрӯза доир ба амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи ҳозираи корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа суҳбат кардем. Боиси хурсандист, ки сарфи назар аз мушкилоти пешомада, аксари корхонаҳои соҳа тавонистанд, ки саривақт ба талабот ва воқеиятҳои нави бозор мутобиқ гарданд ва истеҳсоли ниқобу либоси муҳофизатии тиббиро ба роҳ монданд. Корхонаҳо, дар ҳадди лозима, бозори кишварро таъмин карданд ва бо ҳамин роҳ, ба ҷомеа ва давлат кӯмак расониданд”.
Беҳтаринҳои соҳа эълон киҳоянд?
Ғолибони озмун:
Номинатсияи «Соҳибкори беҳтарини соҳа – 2021» дар байни корхонаҳои нассоҷӣ:
1. Илҳом Бобоев, директори ҶДММ “Сатн”, шаҳри Хуҷанд, ҷойи якум.
2. Муродҷон Аббосов, директори ҶДММ “Ваҳдат Текстил”, шаҳри Душанбе, ҷойи дуюм.
3. Иброҳим Ғафуров, директори генералии ҶДММ “Ҷавонӣ”, шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм.
Номинатсияи «Соҳибкори беҳтарин соҳа – 2021” дар байни корхонаҳои дӯзандагӣ:
1. Ҳокимшоҳ Идиев, директори ҶДММ “Сифат Саноат”, шаҳри Душанбе, ҷойи якум.
2. Бозорбой Ғолибов, директори ҶДММ “Ҳусния Б”, ноҳияи Ҷ. Расулов, ҷойи дуюм.
3. Муқаддас Ахмедова, директори ҶДММ “Мастура Авезова”, ноҳияи Қубодиён, ҷойи сеюм.
3. Абдурозиқ Орипов, директори ҶДММ “Ортекс”, шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм.
3. Умеда Абдуллоева, роҳбари коргоҳи дӯзандагии «София», шаҳри Турсунзода, ҷойи сеюм.
Номинатсияи “Тарроҳи либоси беҳтарин” дар байни тарроҳони корхонаҳои дӯзандагӣ:
1. Шукрона Наврузова, тарроҳи корхонаи дӯзандагии ҶДММ “ТоҷТекс”, ҷойи якум.
2. Зокирбой Усмонов, моделйер-конструктори ҶДММ “Ҷавонӣ”, ҷойи дуюм.
3. Мадинахон Каримова, муҳандис-технолог, роҳбари корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Амир”, ноҳияи Б. Ғафуров, ҷойи сеюм.
Номинатсияи “Тарроҳи либоси ҷавон” дар байни донишҷӯёни донишгоҳ ва донишкадаҳои олии соҳавии ҷумҳурӣ:
1. Фарзона Ҳикматова, донишҷӯи соли аввали магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ҷойи якум.
2. Гулзамина Бобокалонова, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҷойи дуюм.
3. Рухшона Қосимова, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҷойи сеюм.
3. Фарида Саидова, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ҷойи сеюм.
Ғолибони озмун бо нишон ва дипломҳои ифтихории Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва 13 соҳибкор, роҳбар ва мутахассиси корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, ки ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ноил гаштанд, бо пешниҳоди Иттифоқ, бо ифтихорномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, аз тарафи иштирокчиёни форум «Муроҷиатномаи аъзои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ба ҳамаи кормандони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Иштирокчиёни Форум ба хулоса омаданд, ки танҳо дар сурати фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, баланд бардоштани дараҷаи дониши ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, касбии соҳибкорон, гирифтани монеаҳои рушди савдо, тайёр намудани мутахассисони муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосии босалоҳият, самаранок истифода бурдани қудратҳои истеҳсолии мавҷуда, таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ, рушди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишварро таъмин намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи таъмин намудани коркарди ниҳоии нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва воридотивазкунанда мусоидат менамоянд.
Фирдавси Низом
радиои “Тоҷикистон”