Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд. Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии…
Read MoreМесяц: Май 2025
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарию фармондеҳӣ дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон Директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло Муовини вазири…
Read More«Dushanbe Grand Slam 2025» оғоз гардид
Имрӯз, 2 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» оғоз гардид Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: — 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувва меозмоянд. Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 14 ҷудочӣ иштирок менамояд. Байни мардон Вазни -60 кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов. Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Эҳсон Сафарзода, Эмомалии Нуралӣ ва Ёсин Бобокалонов. Байни занон Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова.…
Read MoreМулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо cафири Ҷопон
1 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфтааст. Ба иттилоои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.
Read MoreТоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл тавсеа мебахшанд
Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо ва тавофуқномаҳои байнидавлатии соҳавӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи созишномаҳои соҳавиро муҳокима ва аҳамияти вуруди Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, ки Тоҷикистону Покистонро бо ҳам мепайванданд, инчунин…
Read MoreВазорати нақлиёт бо ду ширкати Финландия барои идоракунии дороиҳои роҳ қарордод имзо кард
Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва истифодаи технологияҳои нав, 28 апрели соли 2025 Вазорати нақлиёти кишвар бо ширкатҳои Финляндия «Finnish Overseaas Consultants Ltd» ва «SirWay oy» барои насб ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) қарордод ба имзо расонидааст. Тавре сомонаи Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио (Konsta Mikael Sirvio) имзо карданд. Қарордод дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани солҳои 2025-2030 ва марҳилаи…
Read MoreВазорати мудофиа: Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон 100 фоиз иҷро гардид
30 апрел нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид. Дар ин хусус Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст. Пеш аз муҳлат иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад. Маҳз натиҷаи ҳамкории доимии онҳо бо…
Read MoreИмрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд…
Read More