Вазорати мудофиа: Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон 100 фоиз иҷро гардид

30 апрел нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардид.  Дар ин хусус Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Пеш аз муҳлат иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ мебошад.

Маҳз натиҷаи ҳамкории доимии онҳо бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшуроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа», ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамоянд, хеле зиёд гардад.

Ҷавонон дастгирию ғамхориҳои доимии давлату ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароити хизмативу майишӣ дар қисмҳои низомӣ бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан сари вақт ба комиссияҳои давлатии даъват ҳозир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1 то 30 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.