ТАЪМИНИ ЗИЁДА АЗ 50 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ТАҶҲИЗОТИ РАҚАМӢ

Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154 «Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028», ба зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар васоити таълимӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин иқдом, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди захиравии Президенти мамлакат роҳандозӣ гардид, як ҷузъи муҳими сиёсати давлатии рушди соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва ба раванди рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ суръат ва таҳкиму раванд мебахшад.

Таҷҳизоти муосир бо мақсади муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва китобхонаҳои электронӣ равона гардида, шароити мусоиди таълимиро барои хонандагон ва омӯзгорон фароҳам месозад. Онҳо имконият медиҳанд, ки хонандагон бо усулҳои муосири омӯзиш шинос шаванд, малакаҳои рақамии худро такмил диҳанд ва барои муваффақият дар таҳсил ва зиндагӣ заминаи мустаҳкам гузоранд.

Ба гуфтаи масъулин, татбиқи Барномаи мазкур дар панҷ соли оянда тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумиро бо шабакаи интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, тахтаҳои электронӣ ва китобхонаҳои рақамӣ фаро хоҳад гирифт. Ҳамзамон, таъсиси системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS), платформаҳои таълимии электронӣ, аз ҷумла «Сандуқчаи зулбиё» ва таҳияи беш аз 3000 китоби электронӣ ва маводи интерактивӣ, аз қадамҳои муҳими дигар дар ин самт ба ҳисоб мераванд.

Гузашта аз таъминот бо таҷҳизот, Барномаи давлатӣ инчунин ба баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, ташаккули саводнокии рақамии омӯзгорон ва шогирдон ва ташкили муҳити рақамии таълимӣ равона гардидааст. Тибқи нақша, дар оянда ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар ба шабакаи ягонаи таълимии миллӣ пайваст шуда, платформаҳои нави рақамӣ ва махзанҳои бозии таълимӣ ба хонандагон пешниҳод мегарданд.

Ин марҳилаи таърихӣ, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам гардидааст, заминаи воқеӣ барои рушди устувори соҳаи маориф ва ҳамгироии он ба ҷомеаи рақамии ҷаҳонӣ мебошад.

Ҳамаи омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳо ва хонандагон даъват мешаванд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода баранд, то сифати таҳсилот боз ҳам баландтар гардад ва Тоҷикистон дар арсаи илму маърифат мавқеи арзандаро ишғол намояд.