Вазорати нақлиёт бо ду ширкати Финландия барои идоракунии дороиҳои роҳ қарордод имзо кард

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати тавсеа ва истифодаи технологияҳои нав, 28 апрели соли 2025 Вазорати нақлиёти кишвар бо ширкатҳои Финляндия «Finnish Overseaas Consultants Ltd» ва «SirWay oy» барои насб ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР)  қарордод ба имзо расонидааст.       

Тавре сомонаи Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори  «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио (Konsta Mikael Sirvio) имзо карданд.

Қарордод дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани солҳои 2025-2030 ва марҳилаи чоруми татбиқи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» баста шудааст.

Тавре Вазири нақлиёти ҶТ иброз дошт,  тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» соли 2023  дар кишвар бори аввал баҳисобгирии дороиҳои роҳҳои автомобилгард ба мақсади шиносномакунии минбаъдаи онҳо  ба роҳ монда шуд ва ин  кор аллакай дар марҳилаи муоинаи роҳҳо аҳамият ва афзалияти худро нишон дод.

«Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти гирифташуда нуқсонҳои роҳҳои автомобилгардро  муайян месозад, ин имкон медиҳад, ки роҳҳо сари вақт таъмир ва маблағҳои барои нигоҳдории онҳо ҷудошуда дуруст тақсим карда шаванд», — гуфт Вазир ва илова нмуд, ки низоми идоракунии дороиҳои дороиҳои роҳ барои таҳияи стратегияи рушди  минбаъдаи онҳо, таъсиси Фонди роҳ, таҳлилҳои иқтисодӣ, мубодилаи иттилоотӣ миёни идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгард, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ва  истифодабарандагони роҳ мусоидат хоҳад намуд. Натиҷаи умумии низоми мазкур имкон медиҳад, ки тавассути ташкили дурусти идоракунии дороиҳои роҳ, бахши аъзами ин самти иқтисоди кишвар метавонад марҳила ба марҳила ба соҳаи худмаблағгузор табдил гардад.

Вазири нақлиёт изҳори умед намуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Финляндия, ки дар ин самт таҷриба ғанӣ доранд, корҳои ба нақша гирифташуда дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд ба ҷо оварда мешаванд.

Директори ширкати «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио  ёдовар шуд, ки   татбиқи чунин лоиҳаро дар якчанд кишвари дунё бо мувафаққият анҷом додаанд. Ба гуфта ӯ, барномаи НИДР ба Вазорати нақлиёт дар нигоҳдории шабакаҳои мавҷудаи роҳҳои  кишвар тавассути мониторинги фаъолияти он кӯмак намуда, татбиқи он ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, зиёд намудани мӯҳлати истифодабарии инфрасохтори нақлиётӣ, сарфаи хароҷот барои таъмир, кам кардани ҳолатҳои садамавии корӣ ва  беҳдошти тақсимоти захираҳои молиявӣ  мусоидат хоҳад намуд.

Арзиши умумии корҳо тибқи қарордоди имзошуда  як миллиону сад ҳазор доллари ИМА-ро ташкил намуда, муҳлати татбиқи он 14 моҳро дарбар мегирад.