КҲФ: Дарёфти ҷасади навраси ғарқшуда

Рӯзи 2 майи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа, дар деҳаи Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, ноболиғ Ҷамолиддини Акбаралӣ, санаи таваллудаш 7 марти соли 2013, сокини ҳамин деҳа, бо ҳамроҳии бародараш дар доманакуҳ ҳангоми чаронидани чорво машғул буд, бар асари боронҳои шадиди пай дар пай ва омадани сел, ӯ зери об монда, ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ рӯзҳои 3 ва 4 майи соли 2025 аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании…

Read More

Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали оила ва кӯдак дар шаҳри Кванҷуи Корея ташкил карда шуд

3-4 май дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Иштирокчиён имкон пайдо намуданд либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллиамон аз наздик шинос шаванд.

Read More

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

 Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама, доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони…

Read More

Паҳлавонони тоҷик дар Гран Слами Душанбе -2025 бо гирифтани 11 нишон мақоми аввалро касб карданд

4-тилло, 3-нуқра, 4-биринҷӣ ва ҷои аввал аз рӯи шумораи умумии медалҳо миёни 27 кишвари 4 қитъаи ҷаҳон — натиҷаи ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи GrandSlam Dushanbe — 2025 Мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»- Ҷудо, ки 3 рӯз боз дар пойтахти кишвар ҷараён дошт ба охир расид. Дар рӯзи охир варзишгарони тоҷик тавонистанд боз 3 медали дигар ба даст оранд.Дар умум дар мусобиқаи Grand Slam Dushanbe — 2025 Тоҷикистонро 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) муаррифӣ карданд. Аз ин 11 ҷудокори тоҷик ба гирифтани медал даст ёфтанд. Ҷудорони тоҷик, ки соҳиби нишон гардиданд…

Read More