5 май таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд. Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид. Ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда…
Read MoreМесяц: Май 2025
КҲФ: Дарёфти ҷасади навраси ғарқшуда
Рӯзи 2 майи соли 2025, тахминан соати 15:30 дақиқа, дар деҳаи Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, ноболиғ Ҷамолиддини Акбаралӣ, санаи таваллудаш 7 марти соли 2013, сокини ҳамин деҳа, бо ҳамроҳии бародараш дар доманакуҳ ҳангоми чаронидани чорво машғул буд, бар асари боронҳои шадиди пай дар пай ва омадани сел, ӯ зери об монда, ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ рӯзҳои 3 ва 4 майи соли 2025 аз ҷониби кормандони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании…
Read MoreГӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали оила ва кӯдак дар шаҳри Кванҷуи Корея ташкил карда шуд
3-4 май дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Иштирокчиён имкон пайдо намуданд либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллиамон аз наздик шинос шаванд.
Read MoreСуҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Субҳи 5 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат гузориши раисони ҳарду ноҳия, пеш аз ҳама, доир ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии хонаву иншооти зарардида ва сохтмони манзилҳои нави зист барои оилаҳое, ки хонаҳояшон комилан вайрон шудааст, шунида шуд. Зикр гардид, ки корҳо, тибқи супоришҳои Пешвои миллат, дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбии шадиди 13 апрел рухдода, барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва ҳам сохтмони…
Read MoreПаҳлавонони тоҷик дар Гран Слами Душанбе -2025 бо гирифтани 11 нишон мақоми аввалро касб карданд
4-тилло, 3-нуқра, 4-биринҷӣ ва ҷои аввал аз рӯи шумораи умумии медалҳо миёни 27 кишвари 4 қитъаи ҷаҳон — натиҷаи ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи GrandSlam Dushanbe — 2025 Мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»- Ҷудо, ки 3 рӯз боз дар пойтахти кишвар ҷараён дошт ба охир расид. Дар рӯзи охир варзишгарони тоҷик тавонистанд боз 3 медали дигар ба даст оранд.Дар умум дар мусобиқаи Grand Slam Dushanbe — 2025 Тоҷикистонро 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) муаррифӣ карданд. Аз ин 11 ҷудокори тоҷик ба гирифтани медал даст ёфтанд. Ҷудорони тоҷик, ки соҳиби нишон гардиданд…
Read MoreҶудокорони тоҷик дар рӯзи дуюми Dushanbe Grand Slam 2025 соҳиби 3 медал гардиданд
Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2025 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд. Ҷудочиёни тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар вазни 73 кг мо дурахшиши Муҳиддин Асадуллоевро дидем, ки соҳиби нишони тилло шуд. Асадуллоев дар роҳ ба финал Абубакр Шерови ботаҷрибаро шикаст дода, дар финал ғалабаро бар Эрденебаяр Батзаяи муғул зафар ёфт. Ин аввалин медали тилло барои Муҳиддин дар мусобиқаҳои…
Read MoreҚарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 2 майи соли 2025 №270ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Нодирӣ Ш.А. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 2 майи соли 2025 №271ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи директори Агентии меҳнатва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷиратва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Ашурализода А.А. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор…
Read MoreФармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигардиҚувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Сафарзода Ҷ.С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сафарзода Ҷамшед Сафар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе2 майи соли 2025№1024 ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадииКумитаи давлатии амнияти миллии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣозод намудани Назарзода Т.К. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Назарзода Турабек Камол бо сабаби ба…
Read MoreТАЪМИНИ ЗИЁДА АЗ 50 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ТАҶҲИЗОТИ РАҚАМӢ
Дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2024, №154 «Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2024–2028», ба зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҷҳизоти муосири техникӣ, аз ҷумла компютерҳо, тахтаҳои электронии интерактивӣ ва дигар васоити таълимӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин иқдом, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Фонди…
Read More«Ҷумҳурият»: Қувваи барқ. Тақвияти назорат тақозои замон аст (Шарҳи матбуот)
Матбуоти даврии Тоҷикистон ин ҳафта доир ба руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷумла афзоиши парвозҳо дар масири Душанбе – Мюнхен, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ, афзоиш ёфтани воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп намуданд. Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 01 –уми май мақолаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализодаро таҳти унвони “ҚУВВАИ БАРҚ. ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ” ба нашр расонидааст. Ба зикри муаллиф сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар…
Read More