Матбуоти даврии Тоҷикистон ин ҳафта доир ба руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷумла афзоиши парвозҳо дар масири Душанбе – Мюнхен, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ, афзоиш ёфтани воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп намуданд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 01 –уми май мақолаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализодаро таҳти унвони “ҚУВВАИ БАРҚ. ТАҚВИЯТИ НАЗОРАТ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ” ба нашр расонидааст. Ба зикри муаллиф сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳамагон аст. Бояд аҳли ҷомеа дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро аз худ намоянд ва ба исрофи беҳудаи неруи барқ, ки барои ҳама зарур мебошад, роҳ надиҳанд. Ба навиштаи муаллиф роҳбари давлат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика дар ҷумҳурӣ корҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расиданд. Сарфи назар аз ин, мутаассифона, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар баъзе ҳолатҳо шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ, бо мақсади насупурдани маблағи истифодаи неруи барқ, нишондоди таҷҳизоти ҳисоби барқиро тағйир медиҳанд ё бе пайвасткунӣ ба чунин таҷҳизот барқро истифода мебаранд. Ҳамамзон, муаллиф дар идомаи матлаби хеш аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки тибқи он барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд. Ба зикри муаллиф, дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба инобат гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳкор имконият медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳкор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад. Ҳар як истифодабарандаи қувваи барқ уҳдадор аст, ки таҷҳизоти ҳисоби барқиро бо тартиби муқарраргардида насб намуда, сипас, ба истифодаи қувваи барқ шуруъ намояд.
Ҳамзамон, нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 01-уми май матлаберо таҳти унвони «СОМОН ЭЙР» ПАРВОЗҲОРО ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – МЮНХЕН МЕАФЗОЯД” ба нашр расонид. Дар матлаби мазкур омадааст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе – Мюнхен шуруъ аз 7-уми май ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои чоршанбе ва шанбе) анҷом медиҳад. Бино ба гуфтаи директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, афзудани парвозҳо ба Мюнхен як қисми барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди авиатсияи гражданӣ буда, ба густариши ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоӣ ва таҳкими робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ марбут мебошад. Муаллиф менигорад, ки афзоиши шумораи парвозҳо ба Мюнхен, бешубҳа барои ҳамватанони мо, ки дар Олмон кору зиндагӣ доранд, ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ, сайёҳону тоҷирон ва нафароне, ки ба дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстон мераванд, айни муддао хоҳад буд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи охирини худ матлаберо таҳти унвони “Ду деҳаи Муъминобод соҳиби мактабҳои замонавӣ шуданд” ба нашр расонидааст. Дар матлаб омадааст, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тутои ноҳияи Муъминобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дар деҳаи Навбаҳори ноҳия иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бо шароити замони муосир сохта ба истифода дода шуданд. Ба навиштаи нашрия ҳар ду муассиса бо маблағи 11 миллиону 657 ҳазору 592 сомонӣ сохта шуданд. Муассисаи №7 аз ду ошёна иборат буда, дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст, ки дорои синфхонаҳои технологияи информатсионӣ, физика, химия, биология, математика, забони русӣ ҳуҷраи омӯзгорон ва синфхонаи инкишофи барвақтии кӯдакон мебошад. Муассисаи №37 бошад, барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи бо шароити муосир муҷаҳҳаз аст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 30-уми апрел бо нашри матлабе аз афзоиши воридоти мошинҳои барқӣ хабар дод. Дар матлаби нашргардидаи ҳафтаномаи мазкур омадааст, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст. Нашрия бо истинод ба маълумоти Вазорати нақлиёт, хабар додааст, ки шумораи умумии воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобил, электробус, микроавтобус ва нақлиёти борбардори барқӣ дар кишвар ба 27 ҳазору 580 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9885 адад бештар аст. Тоҷикистон нақша дорад, ки то солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро ба 20-30 дарсад аз шумораи умумии нақлиёт расонад. Воридоти ин навъи нақлиёт дар асоси “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” амалӣ мешавад. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти боҷ ва андозҳои гумрукӣ озод шудаанд.
Нашрияи “Боҷу хироҷ”-и Кумитаи андоз дар шумори охири худ матлаберо таҳти унвони “НИГАРОНӢ АЗ БАҚИЯИ ҚАРЗИ АНДОЗҲО” нашр намуда, аз афзоиши бақияи зиёди қарзи андозҳо дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хабар додааст. Ба навиштаи нашрия шумораи умумии андозсупорандагони қарздор, ба ҳолати 1 марти соли 2025, дар маҷмуъ, 12120 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 2959 адад ба шахсони ҳуқуқӣ ва 9161 адад ба соҳибкорони инфиродӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ рост меояд. Ба иттилои сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон Ҳамза Раҳимзода, ба суроғаи 6416 андозсупоранда дар хусуси мавҷуд будани бақияи қарзи андозҳо ба маблағи 37,9 млн сомонӣ огоҳиномаҳо ирсол гардидааст, ки дар натиҷа, аз ин ҳисоб маблағи 10,6 млн сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”