1 майи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилоои сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.