Нашрияи “Янги Ӯзбекимтон” хабар медиҳад, ки дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон филмҳои “Илҳоқ”, “Қалби мардум”, “Абдураҳмони Ҷомӣ”, “Дар зери як осмон” дар телевизионҳои Тоҷикистон ва кинотеатрҳо намоиш дода мешаванд.
Ба навиштаи ин нашрия, намоишҳо аллакай дирӯз, 9-уми июн бо намоиши филми “Илҳоқ” дар шабакаи телевизионии “Синамо” оғоз ёфтанд. Инчунин, дар тамоми кинотеатрҳои бузурги кишвар намоиши филмҳои ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ оғоз ёфт. Ба итттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 19-22 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як қатор филмҳо намоиш дода шуданд, ки бо фармоиши Агентии кинематографияи ин кишвар ба навор гирифта шудаанд. Тамоми онҳоро тамошобинони Тоҷикистон самимона пазируфтанд.
Гуфта мешавад, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон филмҳое, ки Агентии кинематографияи Ӯзбекистон дар асоси фармоиши давлатӣ ба навор гирифтааст, барои намоиш дар кинотеатрҳо ва телевизион ба забони тоҷикӣ дубляж карда шуданд.