Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Шоми рӯзи 10 июн дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев «Барои хизматҳои барҷаста дар таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни халқҳои тоҷику ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию башардӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.