Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи «Барномаи ислоҳоти андоз» дар Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағи грантиро ҷудо намудааст.
Ба иттилои намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ин маблағҳо аз ҳисоби Асотсиатсияи байналмилалии рушд буда, бо ин роҳ татбиқи Кодекси андоз дар таҳрири нав ва навсозии низоми андозбандӣ бо мақсади таъмини мувозинат байни ҳадафу вазифаҳо дар самти сафарбарнамоии даромади дохилӣ ва рушди бахши хусусӣ дастгирӣ меёбад.
Ба навиштаи “Ховар” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти андозро вазифаи аввалиндараҷа меҳисобад, ки он аҳамияти торафт афзояндаи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллиро инъикос мекунад. Тавассути Кодекси нави андоз, ки ҳоло мавриди баррасии Ҳукумат қарор дорад, кишвар талош дорад, ки мудирияти андозро муосир гардонида, сиёсати андоз ва равандҳои ҷамъоварии даромадҳоро дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монад.
“Ислоҳоти мазкур дар кӯшишҳои ноилшавӣ ба ҳадафу вазифаҳои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030», ки 3,5 маротиба болоравии даромади аҳолӣ ва ду баробар коҳишёбии сатҳи камбизоатиро то соли 2030 пешбинӣ мекунад, ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, Тоҷикистон ба саҳми бахши хусусӣ ниёз дорад, ки он метавонад сармоягузориҳоро бо маблағ таъмин кунад, навовариро дастгирӣ намояд, ҷойҳои корӣ фароҳам оварад ва заминаи содиротро васеъ гардонад”,-гуфтааст манбаъ.
Айни замон бахши хусусӣ дар Тоҷикистон танҳо аз чор як ҳиссаи ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро таъмин менамояд ва камтар аз сеяки маҳсулоти саноатиро истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки он танҳо имкониятҳои маҳдуд барои шуғли расмӣ дар иқтисодиёти ҷавон ва рушдёбанда фароҳам меоварад.