Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

28.06.2025, шаҳри Хоруғ

Муҳтарам фаъолон ва намояндагони мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон!

Ҳозирини гиромӣ!

Кулли сокинони шарафманди вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарам – хонаи обод ва саодати рӯзгор орзу менамоям.

Ҳамчунин, дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ неъмати бебаҳо ва муҳимтарин омили ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, ба ҳамаи шумо барору комёбӣ мехоҳам.

Дар арафаи ин ҷашн мо зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо иншооти нави иҷтимоиву иқтисодиро, ки боиси боз ҳам ободу зебо шудани шаҳру ноҳияҳо ва деҳот гардидаанд, ифтитоҳ намудем.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ дирӯз мо дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бинои истиқоматии баландошёна барои 48 оилаи хизматчиёни давлатӣ, Маркази фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва савдо иштирок кардем.

Ҳамчунин, китобхонаи бачагонаи вилоятӣ бо маркази рушди зеҳнӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, пулҳои мошингузар, инчунин, корхонаҳои коркарди гӯшт, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Иншооти зикршуда, ки бо харҷи маблағҳои калон бунёд гардидаанд, барои таъмин намудани зиндагии шоистаи сокинони вилоят муҳим мебошанд.

Аз ҷумла пули нави мошингузар аз болои дарёи Ғунд ба дарозии 200 метр бо мумфаршкунӣ ва чароғонсозии якуним километр роҳ, ки имрӯз ба истифода супорида шуд, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Корхонаи коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, ки асосан ба коркарди гӯшти парҳезии қутос машғул мебошад, яке аз калонтарин корхонаҳо дар миқёси вилоят буда, аз ҷониби соҳибкори бонангу номуси ватанӣ ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Умуман, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати истиқболи арзандаи 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар вилоят бунёду азнавсозии 1362 иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳои сохтмон дар 1059 иншоот ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ ба анҷом расидаанд, ки 78 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла то имрӯз дар вилоят 80 корхонаву коргоҳи саноатӣ, 70 иншооти соҳаи маориф, 46 иншооти тандурустӣ, 74 иншооти варзиш, 29 иншооти фарҳанг, 246 километр роҳ, 37 пул ва садҳо иншооти дигари иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд гардидаанд.

Дар робита ба амалисозии корҳои неку созанда, саҳмгузорӣ дар ободиву пешрафти кишвар ва барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳоло барои таъмин намудани пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои солҳои 2021 – 2025 идома дорад.

Аз аввали татбиқи 869 лоиҳаи дорои аҳаммияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 7,3 миллиард сомонӣ то имрӯз 442 лоиҳа ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар доираи иҷрои барномаҳои вилоят то соли 2025-ум 1,1 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба 75 фоиз баробар мебошад.

Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати сари вақт амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои қабулшуда чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ҳангоми таҳия ва қабули барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои минбаъда бояд ба масъалаҳои таъсиси ҷойҳои кории нав, саноатикунонии босуръат ва истеҳсоли молҳои дорои арзиши баланди иловашуда таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд.

Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаи сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои он мунтазам рушд ёфта, шароити зиндагии аҳолӣ нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардидааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ин давра барои тараққиёти вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ 7,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои дастгирии буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 2,9 миллиард сомонӣ ҳамчун кумаки Ҳукумати мамлакат ҷудо гардидааст.

Дар ин давра ба соҳаи сохтмони вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳо 7,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, беш аз 2 ҳазору 300 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ карда шудааст.

Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аз соли 2008 то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 121 иншооти иҷтимоиву маъмурӣ ба маблағи 788 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло боз 17 иншооти дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ бунёд гардида истодааст.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 13 лоиҳа ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Танҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар доираи сафари корӣ ба вилоят мо қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади Рӯшонро дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои онро бо дарозии 3400 метр ифтитоҳ намудем.

Дар доираи ин лоиҳа, ки арзиши умумии он 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз 1,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ гардидааст.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҷиҳати ба сатҳи муосир мутобиқ намудани шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалаъихумб – Ванҷ – Хоруғ – Кулма тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои нотакрору ҷолиб барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Соли гузашта ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ҳазор сайёҳон омадаанд, ки нисбат ба соли 2021-ум 13 баробар зиёд аст.

Ба роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои масъул зарур аст, ки ҷиҳати ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи 34 соли соҳибистиқлолӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят мунтазам афзуда, ҳоло қариб ба 11 ҳазор баробар гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ чораҳои судманд андешида, ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Аз ҷониби низоми бонкии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 2,4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 2,2 миллиард сомонии он қарзҳои хурд мебошанд.

Дар баробари ин, дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ қарздиҳӣ ба соҳаи кишоварзии вилоят 68 фоиз ва соҳибкории истеҳсолӣ 26 фоиз коҳиш ёфтааст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва таҳкими фаъолияти истеҳсолӣ кофӣ нест.

Бонки миллӣ, «Амонатбонк», «Саноатсодиротбонк», бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ ва бештар пешниҳод кардани маблағҳои қарзӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ дар вилоят чораҳои иловагӣ андешанд.

Барои вусъат бахшидан ба раванди рушди устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуданд.

Зеро истифодаи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми пурраи пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва соҳаҳои мухталиф талаби қатъии замони муосир буда, дар ин самт бояд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 5 баробар зиёд мебошад.

Албатта, ин нишондиҳандаи хуб аст.

Дар моҳҳои январ – майи соли 2025-ум 45 коргоҳу корхонаи нав таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ аз 13 ба 183 ва номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 намуд ба 70 намуд расидааст.

Бо вуҷуди ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки доир ба роҳандозии фаъолияти самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ ва содироти он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Тавассути ин тадбирҳо мо метавонем ба ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ноил гардида, муҳимтар аз ҳама, аҳолиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоем ва ба мардуми шарифи мамлакат шароити арзандаи зиндагӣ муҳайё намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят ба як миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 12 баробар зиёд мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 2 баробар, картошка 3, сабзавот 5, шир 2 ва тухм 38 баробар зиёд гардидааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калон 1,5 баробар, чорвои майда 14 фоиз, паранда 5 баробар ва саршумори қутос 2 баробар зиёд гардидааст.

Майдони боғҳо аз 1350 гектар ба 3 ҳазору 140 гектар расонида шудааст, ки 2,3 баробар зиёд буда, ҳоло меваи хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи вилоят дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд пайдо кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати мамлакат масъалаи тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, бо ин мақсад дар замони истиқлол ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят 2620 гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ ҷудо намудааст.

Илова бар ин, дар бист соли охир дар вилоят 1629 гектар заминҳои нав аз худ гардида, ҳолати мелиоративии 1870 гектар замин беҳтар карда шудааст.

Бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим, хушксолиҳои шадид, афзоиши аҳолӣ ва вазъи пешгӯйинашавандаи бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарону мутахассисон ба рушди кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани майдони кишт, бунёди боғҳо, саршумори чорво ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа касб кардааст.

Бинобар ин, барои самаранок истифода намудани тамоми захираву имкониятҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар 17-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Зарур аст, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он иҷрои саривақтии супоришҳои додашударо бо дарки масъулияти баланд таъмин намоянд.

Дӯстони азиз!

Дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади бо неруи барқ таъмин намудани шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 3,4 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Аз ҷумла дар вилоят 73 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 12 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида дар вилоят 31 мегаватт иқтидори нави истеҳсоли неруи барқ сохта шуда, илова бар ин иқтидорҳои мавҷуда навсозӣ ва таҷдид гардидаанд.

Соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 мегаватт буд.

Соли 2024 ин рақам ба 47,5 мегаватт расида, 4,6 баробар зиёд шудааст.

Хотирнишон менамоям, ки ҳамаи иқтидорҳои амалкунандаи вилоят неруи барқро пурра аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне 100 фоиз «энергияи сабз» (дар кишвар 98 фоиз) истеҳсол мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти экологии муосир аҳаммияти калон дорад.

Мо дирӯз боз як иншооти муҳимми соҳа – неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро бо иқтидори 11 мегаватт, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартараф намудани маҳдудияти барқ дар соатҳои сарборӣ ва устувории интиқоли он ба маблағи беш аз 700 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, ба кор андохтем.

Ҳамчунин, дар доираи сафари кории мо 7 неругоҳи барқи офтобӣ ва барқи обии хурд дар деҳаҳои дурдасти вилоят ба истифода супорида шуд.

То охири соли ҷорӣ боз 16 неругоҳи барқи офтобӣ, 11 неругоҳи барқи обии хурд ва як неругоҳи барқи бодӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Илова бар ин, ҳангоми сафари корӣ ба вилоят мо ҷиҳати истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, энергияи офтобӣ бунёди неругоҳи барқи офтобиро дар ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 3 мегаватт ва бо арзиши 55 миллион сомонӣ оғоз бахшидем, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Аз ҳисоби ба истифода додани иншооти энергетикии номбаршуда то охири соли ҷорӣ иқтидори умумии истеҳсоли неруи барқ дар вилоят 28 мегаватт зиёд гардида, ба 75,5 мегаватт мерасад, яъне нисбат ба соли 1991-ум қариб 8 баробар зиёд мегардад.

Илова бар ин, ду рӯз пеш мо хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи «Хоруғ – Рӯшон»-ро бо дарозии 67,5 километр ва зеристгоҳи «Ҷангал»-ро дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода додем, ки имконияти интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз бамаротиб беҳтар мегардонад.

Ҳамзамон бо ин, сохтмони 42 километр хатти интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи «Вознавд»-ро оғоз бахшидем, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ҷамъияти саҳҳомии «Помир – Энерҷи» ва роҳбарияти вилоят вазифадоранд, ки барои татбиқи пурраву босифати лоиҳаҳо ва бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, офтобӣ ва бодиро таъмин намоянд.

Ҳамватанони азиз!

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи 500 миллион сомонӣ 221 бинои нави таълимӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, ҳоло корҳои бунёди боз 17 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 3 ҳазор хонанда ба маблағи 62 миллион сомонӣ идома доранд.

Танҳо дар доираи сафари кории мо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 муассисаи томактабӣ барои 1570 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Тавре дар хотир доред, дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба роҳбарони ҳамаи сохтору мақомот, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар супориш дода шуд, ки дар 5 соли оянда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи томактабӣ ва 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро таъмин намоянд.

Соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 400 нафар ҷавонони вилоят барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд.

Тайи замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷиро хатм кардаанд.

Тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар асоси квотаи президентӣ барои ҷавонони вилоят ҳар сол 200 ҷой пешбинӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, аз соли 1997 то инҷониб аз вилоят 4 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 2 ҳазор нафар духтарон тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, ки қисми зиёди онҳо, аллакай, дар бахшҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва мамлакат муваффақона кору фаъолият карда истодаанд.

Бо вуҷуди пешравиҳо, дар соҳаи маорифи вилоят баъзе камбудиҳо, аз ҷумла иҷрои пасти Барномаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025 (23 фоиз) ва сатҳи пасти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ (31 фоиз) вуҷуд доранд.

Ба Вазорати маориф ва илм, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоту камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 173 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 24 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар вилоят 279 муассисаи тандурустӣ ба маблағи 367 миллион сомонӣ сохтмону азнавсозӣ гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар 907 муассиса ба маблағи 125 миллион сомонӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, муассисаҳои зикршуда ба маблағи беш аз 106 миллион сомонӣ бо асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ таъмин гардидаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии кишвар 1332 нафар ҷавонони вилоят, аз ҷумла 461 нафар тибқи квотаи президентӣ таҳсил кардаанд, ки барои бо мутахассисон таъмин намудани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат карда истодаанд.

Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва бо таҷҳизоту технологияҳои муосир таъмин кардани муассисаҳои тандурустиро таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Шумо хуб медонед, ки асоси рушду тараққиёт ва шарти муҳимтарини заҳмати ободгаронаи мардуми кишвар оромиву субот, риояи қонунияту тартибот, яъне таъмин будани волоияти қонун дар ҷомеа мебошад.

Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки вазъи риояи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар маҷмӯъ, муътадил аст.

Масалан, соли 2024 содиршавии ҷиноят назар ба соли 2023-юм 37 ҳолат ё 4,8 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст, вале ин нишондиҳанда дар 5 моҳи соли 2025-ум 16 фоиз камтар шудааст, ки аз паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар миқёси вилоят гувоҳӣ медиҳад.

Рӯйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрӯза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид, гуреза шудани миллионҳо нафар одамони бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳри ободу таърихӣ ва осори фарҳанги ҷаҳонӣ бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва неъмати бебаҳо будани истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд бо ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо, асоси суботу оромӣ ва пешрафту ободонии кишварамон муқаддас шуморад ва онро ҳифз намояд.

Ҳадафи аслии ҳар яки мову шумо ободу зебо сохтани Ватани азизамон, беҳтар кардани шароити зиндагии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки ба ин васила мо тавонем барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин намоем ва ба онҳо як мулки пешрафтаро ба мерос гузорем.

Вобаста ба ин, як масъалаи муҳимро хотирнишон менамоям.

Ғамхориҳое, ки давлат ва Ҳукумат барои наслҳои наврас ва муҳайё кардани шароиту имкониятҳои замонавӣ барои онҳо анҷом дода истодааст, танҳо дар сурате натиҷаву самараи нек медиҳанд, ки падару модарон, аҳли зиё, фаъолон ва умуман тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ҳамчун асоси ояндаи обод эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои неку созанда зарур аст, ки ҳар як роҳбар ва корманди масъули сохтору мақомоти давлатӣ, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва махсусан, ҷавонон софдилонаву садоқатмандона кору фаъолият намоянд.

Он рӯз дур нест, ки мо бо дастгириву заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланду тамаддунсози тоҷик, аз ҷумла сокинони бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишвари худро ба як давлати пешрафтаву мутамаддин, дорои шабакаҳои замонавии энергетикӣ, инфрасохтори пешрафтаи нақлиётиву сайёҳӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ табдил медиҳем.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, тақвияти сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ содиқона саъю талош менамоянд.

Инчунин, онҳо дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва умуман рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвари маҳбубамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар оянда низ барои пешрафти давлати соҳибистиқлол ва ободии Ватани аҷдодии худ талоши бештар мекунанд ва обрӯи миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

Орзуманди он ҳастам, ки ҷашнҳои истиқлол ва ваҳдати миллӣ имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо пешрафту шукуфоии рӯзафзун ва ободкориву созандагиҳои нав оваранд.

Ба кулли мардуми вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини    арҷманд – саломатӣ, иқболи нек ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.

Ҳамеша хонаободу сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!