Оғози ҷаласаи 4-уми хотимавии Кумитаи роҳбарикундаи Барномаи пешгирии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе  ҷаласаи 4-уми хотимавии Кумитаи роҳбарикундаи Барномаи пешгирии нашъамандӣ дар Осиёи Марказӣ (КАДАП — 7) ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори чорабинӣ намояндагон аз сохтору ташкилотҳои марбута, созмонҳои байналмиллалӣ ва шарикони рушд ширкат дошта, роҷеъ  ба  мубориза ва пешгирии маводи нашъаовар дар Осиёи Марказӣ изҳори назар намуда, ин вабои асрро нигароникунанда арзёбӣ намуданд. Инчунин гуфта шуд, ки роҳандозии ин ҷаласа, ки имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони он аст,  муҳим ва саривақтӣ буда, майдони фаррохест барои  баррассии масъалаҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ, созмон додани ҳамкориҳои мутақобила миёни  Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз  ҷумла  Тоҷикистон,  Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон.

Дар ниҳояти кори ҷаласа изҳори итминон карда шуд, ки баргузории ҷаласаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Барномаи ИА (КАДАП) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, фаъолият дар самти мубориза бар зидди гардиши маводи нашъадор, пешгирии нашъамандӣ ва коҳиш додани оқибатҳои ин омили номатлуб  дар ин кишварҳоро тақвият хоҳад дод.

                                                                                                              Олуфта Шарипова

                                                                                             Радиои Тоҷикистон