Сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Қирғизистон

30 июни соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев ба Қирғизистон сафари расмӣ анҷом дод.

Тавре сомонаи ВКХ ҶТ хабар медиҳад, роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон зимни музокирот дар фазои дӯстӣ ва созандагӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазирон бо қаноатмандӣ аз афзоиши гардиши савдои мутақобила, азми тарафайнро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳор доштанд.

Дар идомаи мулоқот доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо наздикии мавқеи ду кишварро оид ба масъалаҳои байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир қайд карданд.

Эҳтимоми ҳарду ҷониб ҷиҳати рушди минбаъдаи муколамаи созанда дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ тасдиқ гардид.