Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) миёни духтарони то 16-сола оғоз гардид

Имрӯз дар “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) миёни духтарони то 16-сола оғоз гардид. Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод,  дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтарона аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат намуда, миёни ҳам бозӣ мекунанд.

Мувофиқи ҷадвал дар рӯзи аввали мусобиқа ду бозӣ гузаронида мешавад. Бозии якум миёни дастаи Қазоқистон ва Қирғизистон, бозии дуюм миёна дастаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур, чорабинии муҳиму назаррас дар сатҳи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, дар заминаи нақшаи солонаи фаъолияти CAVA амалӣ мешавад. Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) миёни духтарони то 16-сола то 7-уми июл идома карда, дар охир ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.