Деҳқонони деҳаи Розиқободи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун аз мушкилоти норасогии оби полезӣ шикоят доранд. Тавре иттилоъ доданд, ин мушкил давоми 4 сол боз дар ин деҳа ва деҳаҳои атрофи он ташвишовар боқӣ мондааст.
Сироҷиддин Меҳтоҷов, сокини деҳаи Розиқободи ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун мебошад. Ӯ мегӯяд, ки хоҷагии онҳо 6 гектару 17 сотиқ замин дорад ва андозҳоро сари вақт месупорад. Аммо чор сол мешавад, ки ҳолати заминҳо хеле бад шудааст: ғалладона намепазад, пахта месӯзад, ва ҳосил ба ҳадди камтарин расидааст. Сабаби асосӣ набудани обрасонӣ аст.
– Борҳо ба мақомотииҷроияи ноҳия муроҷиат кардем, аммо бе натиҷа. Солҳои пеш ҳам баъзе масъулон омада, ваъда додаанд, вале амал нашуд. Сабаби аслии камобӣ афзоиши ғайриқонунии насосҳои обкашӣ ва қубуркашӣ дар масири канали об аст, ки обро қабл аз расидан ба деҳаи мо мегиранд.
Ҳоло аз заминҳоямон фоида намебинем, дар ҳоле ки дар гузашта то 7-8 тонна пахта аз ҳар гектар мегирифтем. Ҳолоаз як гектар ҳатто як тонна ҳам гандум гирифта наметавонем,– мегӯяд Сироҷиддин Меҳтоҷов.
Ҳамзамон, сокини дигари деҳа Алӣ Назаров гуфт, ки 8 гектар замин хоҷагии деҳқонӣ дорад, ки бинобар сабаи беобӣ киштаҳояш беҳосил мегарданд. Дар 05 гектар полезӣ кишт намудааст, ки хароҷоташ 15 ҳазор сомониро ташкил дода, бинобар сабаби беобӣ талаф ётаанд.
Бо раиси маҳаллаи деҳаи Розиқобод Асадулло Маҳмадшоев низ мехостем суҳбат намоем, аммо ӯ нахост ва гуфт, ки “борҳо ин масъаларо ба мисли шумо омада баррасӣ кардаанд ва шояд шумо даҳум нафаре бошед ва умеди ҳалли ин мушкилро надорам”- гуфта телефонашро хомӯш кард.
Ба иттилои сокинон дар мавзеи мазкур тақрибан беш 400 га замин аз беобӣ мушкил дорад.
Ба масъулини Раёсати беҳдошти замин ва обёри дар вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Сардори Раёсат аз мушкили ҷойдошта хабар доштааст ва ваъда дод, ки фавран ба ин мавзеъ рафта мушкилоти мавҷударо бартараф хоҳанд кард ва аз натиҷааш баъдан иттилоъ хоҳанд дод.
Ин деҳқонон хоҳони онанд, ки масъулон вазъро аз наздик дида, чораҳои зарурӣ андешанд, зеро ин мушкилоти чаҳорсола ба иқтисоди деҳқонон ва рӯзгори хонаводаҳо таъсири ҷиддӣ расондааст.
Ҳолати таъминоти оби полезӣ ва ошомиданӣ дар ҳудуди деҳаи Розиқобод ва деҳаҳои атрофи он, ки дар ҷамоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун воқеъ мебошанд, хеле нигаронкунанда аст ва масъулонро мебоядро ҳар чӣ зуддтар баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои муассир андешанд. Зеро таъминоти зиндагии сокинони ин мавзеъ ба истифодаи самараноки замин вобастагии амиқ дорад ва масъулин бояд дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати кишварро ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар порча заминро ҳеҷ гаҳ фаромӯш насозанд ва дар ин маврид бетаваҷҷуҳ набошанд.
Маҳмадалӣ Акрамов,
Радиои “Тоҷикистон”