3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.
Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.