Масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 28 адад ҳуҷҷати сокинони деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфараро, ки бар асари даргириҳо охир дар марз нобуд гардида буданд, барқарор карда, ба соҳибонашон супориданд.
Ин иқдом дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба роҳ монда шуда, ҳамчунин 1452 дона шаҳодатномаҳои ройгон ба оилаҳои вилоят супорида шуданд.
Гуфта мешавад, ки “аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Исфара 447 дона, Панҷакент 220 дона, Бобоҷон Ғафуров 105 дона, Истаравшан 100 дона, Хуҷанд 80 дона, Деваштич 59 дона, Спитамен 60 дона, Мастчоҳ 50 дона, Зафаробод 46 дона ва Шаҳристон 40 дона шаҳодатномаҳо ба сокинон супорида шудааст . Дар қатори онҳо, 675 дона шаҳодатномаи таваллуд ба падару модарони кӯдакони навзод ва 241 дона шаҳодатнома таваллуд ба падару модарони кӯдакони ба синни як расида ё аз он калонтар аз ҷониби масъулин дар вазъи тантанавӣ бо туҳфаҳои пешбинишуда тақдим карда шудааст”.