Маълумоти носаҳеҳ манзури ҷомеа гардидааст. Вокуниш ба “Радиои Озодӣ”

Бонки миллии Тоҷикистон дар як вокуниш ба матлаби «Радиои Озодӣ» (РО) гуфтааст, ки ин радио набояд муқаррароти саҳеҳият, дақиқият, воқеият ва касбиятро, ки талаботи аввалиндараҷаи журналистикаи байналмилалӣ аст, поймол намояд.

Ба навиштаи ин ниҳод, РО дар матлаби худ-“Раҳбарони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” аз мақомҳояшон барканор шуданд” ба чанд иштибоҳе роҳ додааст, ки боис ба бардошти нодурусти ҷомеа мегардад. Аз ҷумла, муаллифи матлаб мафҳуми “мудирони махсус” ва “мудири барҳамдиҳанда”-ро истифода намудааст, ки куллан бемаврид ва иштибоҳ аст.

«Мафҳуми “мудири махсус” воқеан дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ истифода мешавад, аммо онро танҳо суд таъйин менамояд, на Бонки миллии Тоҷикистон. Ҳоло дар ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷониби мақомоти судӣ “мудири махсус” таъин нагардидааст. Танҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои онҳо то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус, дар ин ду ташкилоти қарзии молиявӣ мудир таъин намудааст. Яъне “мудир”-е, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон танҳо ба хотири таъмини ҳифзу нигоҳдории дороиҳои бонк то лаҳзаи аз ҷониби суд таъин кардани мудирони махсус таъин карда шудааст, аз “мудири махсус”, ки онро суд таъин мекунад, ба куллӣ фарқ дорад»,-мегӯяд Бонки миллӣ.

Нуктаи дигаре, ки Бонк зикри онро муҳим донистааст, нодуруст таъкид гардидани номи мудири феълии ҶСК “Агроинвестбонк” ва вазифаи ӯ мебошад. Яъне, мудири ҶСК “Агроинвестбонк” на Фирӯз Ҷалолов, балки Даврон Тухтаров таъин карда шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон таъкид медорад, ки чунин маълумоти иштибоҳ дар дигар расонаҳо низ бознашр шудаанд, ки боиси ба амал омадани афкори нодурусти ҷомеа мегардад.