Дар доираи нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» ғолибони Озмуни “Беҳтарин шеър» муайян ва қадрдонӣ гаштанд.
Озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон гардида буд.
Бино ба иттилои сомонаи МИҲД Суғд “Шоҳҷиза “ насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро касб намуданд. Ҳамчунин, шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифихорнома қадр карда шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи шарти асосии иштирок дар озмун намунаи ашъори ба озмун пешниҳодшудаи довталабон бе зикри номашон таҳти рақами муайян ба 3 нафар довар пешниҳод гардид.