Баррасии сафари Путин ба Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар мулоқоти худ масъалаи масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон даҳаи дуюми моҳи сентябри 2021 дар назар аст ва вазирони корҳои хориҷии ду кишвар тавофуқ карданд, ки байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии  Тоҷикистон ва Русия барои андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар мавриди масъалаҳои муҳтавоии сафари дарпешистода алоқаи фаврӣ барқарор гардад.

Тавре сомонаи ВКХ менависад, Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров дар ин дидор пеш аз ҳама ба мавзӯи вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра, инчунин ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба таваҷҷуҳ карда, табодули фарогири афкор перомуни масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ бо тамаркуз ба масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2021 ба имзо расид.