Кумитаи телевизион ва сафорати Фаронса масъалаи табодули таҷрибаҳоро баррасӣ карданд

17 майи соли 2021 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот намуд.

Тавре сомонаи Кумита менависад, зимни суҳбат ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи телевизион ва радио ва омодагӣ ба Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронсаро мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самти бозомўзию табодули таҷрибаи кормандон, инчунин, бартараф намудани мушкилоти техникии пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионию радиоӣ ибрози назар намуданд.