Дар назди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ гурӯҳи корӣ барои санҷиши нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои ВКД, зимни санҷиши Нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Эҳсонҷон» (кӯчаи Ҷ.Расулов 16-и ноҳияи Сино) муайян карда шуд, ки риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати зарурӣ дода нашудааст ва дар сипари оташнишонӣ ягон адад оташхомушкунак ва дигар олотҳои лозимии коршоям вуҷуд надоранду дар зери зарфҳои гази моеъ миқдори зиёди партовҳои сӯзанда нигоҳ дошта мешаванд, ки чунин муносибати хунукназаронаи роҳбарияти нуқтаи мазкур метавонад сӯхторро сабаб гардад.
Гурӯҳи корӣ маълум кардаанд, ки ҳамин гуна ҳолати ногувори зиддисӯхторӣ дар НФС «Имон импорт экспорт» (деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ) ҷой дорад. Дар ин нуқта ҳолатҳоизиёди хавфи сӯхтор мушоҳида гардидааст.
“Ба замми ин, атрофи зарфҳои захираи сӯзишвориҳо аз алафи хушк ва қоғазпораҳову партовҳо тоза карда нашудаанд. Пайвасти хатҳои интиқоли барқ низ дар баъзе қитъаҳо ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд”,-менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки риоя накардани ҳолатҳои пешгирӣ аз сӯхтор дар чанд нуқтаи дигари фурӯши сӯзишворӣ, аз ҷумла дар НФС «Ғайрат 82» (деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ), НФС «Тоҷик нафт» (ноҳияи Рӯдакӣ) низ ба чашм расидаасту вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷониби кормандони мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, нисбати масъулон чораю тадбирҳои қонунӣ андешида шуданд.
Хотирасон мекунем, ки иқдоми мақомот баъд аз сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки ноҳияи Сино, ки 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд, роҳандозӣ шудаасту чунин санҷишҳои муштарак дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ идома дорад.