Агентии обуҳавошиносӣ барои имрӯз ва пагоҳ ҳавои номусоид ва тағйирёбандаро пешгӯӣ кардааст.
Бино ба маълумоти Агентӣ рӯзҳои 5-7 май дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бо истисно аз ВМКБ боридани боронҳои бошиддат, баамалоии раъду барқ ва эҳтимолияти боридани жола дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур набуда, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохӯш аз сокинон даъват ба амал овардааст, ки ба хотири таъмини амнияти шахсӣ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезум ё занбурӯғ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ кунанд ва фарзандонро беназорат нагузоранд
“КҲФ ҳамчунин аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо дар наздикии обанбору дигар махзанҳои об ҳузур наёбанд, моҳидорӣ нараванд. Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди селу селоба ба ҳавлиҳо, заминҳои кишт сари вақт тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳо ба мақсад мувофиқ аст”,- мегӯяд Кумита.