Куштори бераҳмонаи ронанда аз тарафи ду ноболиғ

Прокуратураи шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноятии ду ноболиғро, ки қасдан як ронандаро ба ҳалокат расонидаанд, барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Маркази мабуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи қазия гуфтааст, ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. бо рафиқаш Зиёдуллоев А.А. барои аз қарзҳояшон халос шудан, маслиҳат мекунанд, ки ягон ронандаи автомашинаи мусофиркашро аз ҳаёт маҳрум карда, соҳиби пул шаванд. Бо ин мақсад, онҳо 1 адад корди кисагии қатшаванда, 2 ҷуфт дастпӯшаки тиббӣ ва сими пӯлодиро барои буғӣ кардан бо худ гирифта, шоми 9 декабри соли 2020 дар назди истгоҳи тарабхонаи “Муждаи Васл”-и шаҳри Турсунзода аз ронандаи автомашинаи мусофиркаши “Тико” Шукуров М.М. хоҳиш мекунанд, ки бар ивази 50 сомонӣ онҳоро то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистан барад.

Баъд аз ба мувофиқа расидан, дар роҳ бо хоҳиши Зиёдуллоев А.А. ронанда автомашинаро ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонида, тахминан баъди 200-300 метр дар ҷойи торикӣ ҳаракатро бозмедоранд. Раҳматов Х.Ҳ. барои диққати ронандаро ҷалб кардан ба ӯ қоғази қимматноки 200 сомонаро дода, хоҳиш мекунад, ки ҳаққи хизматрасониро гирифта, бақияи онро диҳад.

Шукуров А.А. ҳангоми аз кисааш бароварда, шуморидани маблағи пулӣ, Зиёдуллоев А.А. аз пушт ба гардани ронанда сим андохта, ӯро буғӣ кардааст. Дар ин лаҳза, ронанда Шукуров М.М. бо дастонаш кӯшиши худро муҳофизат кардан ва аз сим халос шуданро мекунад, вале Раҳматов Х.Ҳ. сараввал бо корди дар дасташ буда, ба cap ва гардани Шукуров М.М. ду маротиба ва боз 15 маротиба зарба зада, ба охирин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёт хавфнокро мерасонад.

Зиёдуллоев А.А. – роҳбари содиркунандагони ҷиноят мебинад, ки Шукуров М.М. ба ҳалокат нарасидааст ва ба Раҳматов Х.Ҳ. супориш додааст,  ки гардани Шукуров М.М.-ро бо корди дар дасташ буда буррад, аммо Раҳматов Х.Ҳ ин корро ба анҷом расонида наметавонад.

Пасон, Зиёдуллоев А.А. бо бераҳмии махсус симеро сахт кашида дар тагсараки курсии ҷойи нишасти ронанда баста, аз автомошина фаромада, кордро аз дасти РаҳматовХ.Ҳ. гирифта, як зарбаи нишонраси халандаю буранда ба хирной, сурхруда ва рагҳои гардани Шукуров М.М. зада, ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, баъди содир кардани куштор, гумонбарон аз ронанда 237 сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ки 3000 сомонӣ арзиш дошт тасарруф намуда, барои пинҳон кардани ҷиноят ҷасади ронандаро аз автомашина бароварда, ба ҷӯйбори обгузари канори роҳи автомобилгард партофтаанд. Автомашинаро бо мақсади нобуд кардан, ғайриқонунӣ ронда, дар километри 61-ум ба ҷуйбор якпаҳлу чаппа карда, аз он ҷо ғайб задаанд.

Ҳамин тавр, Прокуратураи шаҳри Турсунзода, тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбати ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, з, и”, 249 қисми 4 банди “б”, 252 қисми 3 бандҳои “а,в” ва 32 қисми 3-255 қисми 2 бандҳои “а, в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида, барои баррасӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда буд.

Гуфта мешавад, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшаванда Раҳматов Х.Ҳ. бо моддаҳои дар боло номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба муддати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.