17-18 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 37-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» дар истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҷаласа ҳайатҳои роҳбарии вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулода аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок менамоянд.
Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд мерасонанд. Хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст.