Рустами Эмомалӣ бо Нурланбек Тургунбек уулу мулоқот намуданд

Имрӯз дар бинои Парламенти мамлакат мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қабл аз оғози мулоқотҳо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва хайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карда шуданд.

Ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун самти муҳимми ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ба муколамаи мунтазами сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои мутақобили давлатии Сарони ду давлат ва имзои санадҳои нави дуҷониба, ки дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои неки дӯстона ва ҳамҷавории ду мамлакат нақши созгор доранд, баҳои баланд доданд.

Дар ин робита аҳаммияти таърихии имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ махсус таъкид гардид.

Дар ин раванд нақши калидии парламентҳои ду давлат дар тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи аҳдномаҳои бадастомада муҳим шуморида шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди тоза касб кардани анъанаҳои таърихии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.

Такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо назардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду давлат дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли равон ба мушоҳида расид.

Иброз гардид, ки дар таъмини тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ Шурои байниҳукуматӣ, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат таъсис ёфтааст, нақши муассир дорад.

Ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавасссути «равзанаи ягона», таъсис додани долони нақлиётию логистикӣ байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду давлат  таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва знергетикаро зарур донистанд.

Омодагии ҷонибҳо барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон изҳор карда шуд.

Баррасии ҳамкории байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои дигари музокирот буданд.