Созмони Милали Муттаҳид ва Гурӯҳи байниҳукуматӣ оид ба тағирёбии иқлим дар гузориши интишорнамудаи худ се сабаби асосии гармшавии глобалиро шарҳ додааст.
Ҷои аввалро сӯзишвории истихроҷшаванда: ангишт, нафт ва газ мегирад. Он тақрибан аз се ду ҳиссаи тамоми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳад. Мушкилоти дуюми асосӣ буридани ҷангал ва тағйир додани истифодаи замин мебошад.
Вақте ки ҷангалҳо нест мешаванд, сайёра «филтр»-и асосии гази карбонро гум мекунад ва миллионҳо тонна карбон ба атмосфера ворид мешавад. Онҳо то чоряки партовҳои ҷаҳониро ташкил медиҳанд. Сабаби сеюм — метан ва дигар газҳои гулхонаӣ мебошад. Метан дар чорводорӣ, партовгоҳҳо ва истихроҷи сӯзишворӣ ба вуҷуд меояд.