Мумфарш намудани роҳҳои деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси сокинон

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар деҳоти шаҳри Ваҳдат низ корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфтаанд.

Аз ҷумла, сокинони деҳаи Корвон 1 ва 2 инчунин, сокинони деҳаи Хиргатароши Ҷамоати деҳоти Гулистон дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободонии деҳа камари ҳиммат бастаанд.

Сокинони деҳа барои ободии зодгоҳи худ 2 км роҳи деҳаро мумфарш ва 2 км роҳи деҳаи мазкур битонпуш гардид.

Ба истифода дода ни роҳ боиси хушҳолии хурду калони деҳаҳо гардид, зеро барои равуо ба маркази шаҳр чун рӯзҳои пешин ба мушкилӣ дучор намешаванд.

Сокинони деҳот ният доранд, ки дар оянда роҳҳои деҳаҳоро мумфарш кунанд.

Сурайёи Сироҷиддин,

радиои «Тоҷикистон»